https://sputnik.tj/20250223/muttaham-parvanda-krokus-kaspiysk-hamla-terroristi-anjom-1066333307.html
Се муттаҳам дар парвандаи Крокус мехостанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд
Се муттаҳам дар парвандаи Крокус мехостанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус, ҳамлагарон маводи таркандае сохтанд, ки мехостанд онро дар соҳили Каспий фаъол кунанд
2025-02-23T15:51+0500
2025-02-23T15:51+0500
2025-02-23T15:51+0500
крокус сити холл
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия
ҷинояткорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062228475_0:0:2851:1604_1920x0_80_0_0_34d4eb3816a3df54888a50cf4bdba402.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Се муттаҳам дар парвандаи ҷиноӣ оид ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Crocus City Hall қасди анҷом додани амали дигари террористиро доштанд. Онҳо мақсад доштанд дар соҳили шаҳри Каспийски Доғистон бо истифода аз маводи тарканда куштор ташкил кунанд. Дар ин бора дар маводи парвандаи ҷиноӣ гуфта мешавад, менависад ТАСС.Тибқи парвандаи ҷиноӣ, аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 онҳо ба таври ғайриқонунӣ ҳадди аққал ду автомати Калашников, як таппончаи Макаров ва лавозимоти ҷангӣ харидорӣ кардаанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин се муттаҳам ва ҳамчунин ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба таъмини чаҳор омили ҳамлаи террористӣ бо силоҳи оташфишон муттаҳам мешаванд. Онҳо рӯзи 31 марти соли гузашта дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Каспийск ва манотиқи дигари Доғистон боздошт шуда буданд.Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид. Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд.Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст. Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.* Ба феҳристи террористон ва экстремистҳо аз ҷониби Росфинмониторинг дохил карда шудааст.
https://sputnik.tj/20250219/tojikiston-alayhi-doish-soli-jangi-pinhon-1066296231.html
https://sputnik.tj/20250102/turkiya-sharikon-ijrokunandaho-hamla-terroristi-kroku-zindon-khost-1065750830.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1a/1062228475_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_67945cc1f90a13a135a09552dbd64b3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муттаҳам парвандаи крокус каспийск таркиш
муттаҳам парвандаи крокус каспийск таркиш
Се муттаҳам дар парвандаи Крокус мехостанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд
Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус, ҳамлагарон маводи таркандае сохтанд, ки мехостанд онро дар соҳили Каспий фаъол кунанд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Се муттаҳам дар парвандаи ҷиноӣ оид ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Crocus City Hall қасди анҷом додани амали дигари террористиро доштанд.
Онҳо мақсад доштанд дар соҳили шаҳри Каспийски Доғистон бо истифода аз маводи тарканда куштор ташкил кунанд.
Дар ин бора дар маводи парвандаи ҷиноӣ гуфта мешавад, менависад ТАСС.
Тибқи парвандаи ҷиноӣ, аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 онҳо ба таври ғайриқонунӣ ҳадди аққал ду автомати Калашников, як таппончаи Макаров ва лавозимоти ҷангӣ харидорӣ кардаанд.
"Солиев*, Исмоилов* ва Гадоев* маводи таркандаи худсохт сохтанд, ки бо истифода аз он дар сохили Каспийски Догистон амалиёти террористиро ба амал оварданӣ буданд", — гуфта мешавад дар мавод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин се муттаҳам ва ҳамчунин ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба таъмини чаҳор омили ҳамлаи террористӣ бо силоҳи оташфишон муттаҳам мешаванд.
Онҳо рӯзи 31 марти соли гузашта дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Каспийск ва манотиқи дигари Доғистон боздошт шуда буданд.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид. Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст. Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
* Ба феҳристи террористон ва экстремистҳо аз ҷониби Росфинмониторинг дохил карда шудааст.