https://sputnik.tj/20250321/sobiqadori-futboli-tojik-muhsin-muhammadiev-saktai-maghzi-1066673996.html
Собиқадори футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев сактаи мағзӣ гузаронд
Собиқадори футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев сактаи мағзӣ гузаронд
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, футболбози номдори тоҷик ҳоло дар Маскав қарор дорад ва дар ҳоли барқароршавӣ мебошад
2025-03-21T17:59+0500
2025-03-21T17:59+0500
2025-03-21T17:59+0500
дар тоҷикистон
футбол
муҳсин муҳаммадиев
бемор
маскав
барқароршавӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035189384_6:0:895:500_1920x0_80_0_0_7f38adc20c0880901b99251af45bf0f9.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Собиқадори футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон муаллифи ду гол шудааст, ҳоло дар Маскав баъд аз гузаронидани сактаи мағзӣ дар ҳоли барқароршавӣ мебошад.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.Тавре ин манбаъ хабар дод дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба собиқ ҳамлагари дастони дастаи "Помир"-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев шифои комилу оҷил таманно намудааст.Дар ҳамин ҳол, манбаъ нагуфт, ки собиқадори футболи тоҷик дар Маскав сактаи мағз шуд ё дар Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки моҳит феврали соли 2024 Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев, ки пештар ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе буд, мудири дастаи “Вахш” таъйин шуд.Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз хушномтарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст.Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби се духтар аст.Дар дастаҳои машҳур, монанди "Помир" (Душанбе) — 1985-1991, "Локомотив" (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, "Спартак" (Маскав) – 1994-1995, "Локомотив" (Нижний Новгород) – 1996-1997, "Аустрия" (Вена) – 1997-1998, "Торпедо" (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати "Спартак" соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми "Витяз" (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 "Витяз" бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи "Марказ" гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи "Рубин"-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.Ӯ баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.Мӯҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии ӯ "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми "АФК-2017" роҳ ёфт.Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, 22-юми майи соли 2018 аз вазифааш истеъфо дод.
https://sputnik.tj/20240226/prezident-mudir-boshgoh-vakhsh-nav-1061847549.html
https://sputnik.tj/20230208/sobiqadoron-futbol-tojikiston-uzbekiton-maskav-1054784054.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035189384_117:0:784:500_1920x0_80_0_0_40b935713e189fc926cc6fb4e048d794.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мухсин муҳаммадиев, футбол, маскав, сактаи мағзӣ, барқароршавӣ
тоҷикистон, мухсин муҳаммадиев, футбол, маскав, сактаи мағзӣ, барқароршавӣ
Собиқадори футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев сактаи мағзӣ гузаронд
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, футболбози номдори тоҷик ҳоло дар Маскав қарор дорад ва дар ҳоли барқароршавӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Собиқадори футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон муаллифи ду гол шудааст, ҳоло дар Маскав баъд аз гузаронидани сактаи мағзӣ дар ҳоли барқароршавӣ мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Тавре ин манбаъ хабар дод дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба собиқ ҳамлагари дастони дастаи "Помир"-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев шифои комилу оҷил таманно намудааст.
“Ба Муҳсин Муслимович шифои комил таманно намуда, орзу дорем ҳарчӣ зудтар ба кор баргардад”, - қайд намудааст ФФТ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ нагуфт, ки собиқадори футболи тоҷик дар Маскав сактаи мағз шуд ё дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки моҳит феврали соли 2024 Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев, ки пештар ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе буд, мудири дастаи “Вахш” таъйин шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз хушномтарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби се духтар аст.
Дар дастаҳои машҳур, монанди "Помир" (Душанбе) — 1985-1991, "Локомотив" (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, "Спартак" (Маскав) – 1994-1995, "Локомотив" (Нижний Новгород) – 1996-1997, "Аустрия" (Вена) – 1997-1998, "Торпедо" (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати "Спартак" соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми "Витяз" (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 "Витяз" бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи "Марказ" гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи "Рубин"-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.
Ӯ баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии ӯ "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми "АФК-2017" роҳ ёфт.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, 22-юми майи соли 2018 аз вазифааш истеъфо дод.