Иштироки собиқадорони футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар “Ҷоми номдорҳо”-и Маскав

© ФК ИстиклолМухсин Мухамадиев
Мухсин Мухамадиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Дар Маскав "Ҷоми номдорҳо"-и футбол баргузор мешавад, ки дар он собиқадорони футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ситораи футболи Ӯзбекистон Сарвар Ҷабборов ва собиқадори тими миллии Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов дар ҳайати тими миллии ИДМ дар Ҷоми номдорҳо ба номи Константин Еременко дар Маскав бозӣ мекунанд.

Футболбози номдори дигари тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев мураббии ин даста таъйин шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.
Ба ҳайати дастаи ИДМ ба ҷуз Ҷабборов ва Маҳмудов, бозигарони қазоқ Алмат Бекбоев ва Фарҳодбек Ирисматов ва собиқадорони футбол аз Беларус, Озарбойҷон, Молдова ва Арманистон шомил ҳастанд.
"Номдорҳои Русия", " Номдорҳои кишварҳои лотинӣ", " Номдорҳои кишварҳои Африқо", " Номдорҳои кишварҳои Аврупо" ва "Тими ситораҳо" низ дар ин мусобиқа ширкат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки дар “Номдорҳои Аврупо” аз даҳ бозигар чаҳор нафараш аз Туркия ва ду нафарашон аз Сербия ҳастанд. Ин дастаро мурабии олмонӣ Кевин Курани, ки худаш қаблан дар бошгоҳи “Динамо”-и Маскав бозӣ мекард, сарварӣ мекунад.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд
Созмондиҳандагони мусобиқот барои аввалин бор тасмим гирифтанд, бино бариштирок накардани тимҳои аврупоӣ ва аксари бозигарон дар мусобиқаи “Ҷоми номдорҳо” ба сабаби оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина як тими миллии кишварҳои ИДМ ташкил кунад.
Соли гузашта ба ҷои онҳо дастаи мунтахаби Қазоқистон, инчунин дастаҳои "Звезда" ва "Номдорҳо", ки аз ҳисоби футболбозони хориҷӣ ташкил шуда буданд, ба Русия даъват шуда буданд.
Он замон дастаҳои Бразилия ва Туркия аз ширкат дар ин мусобиқот даст накашиданд, ҳарчанд бо ҳайати пурқувват наомаданд.
Рӯзҳои 11-12 феврал дар Қасри варзиши “Мегаспорт” 15-умин мусобиқаи байналмилалии футбол “Ҷоми номдорҳо” баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0