Раҳмон: Наврӯз барои тоҷикон рамзи ваҳдати миллӣ ва дӯстиву муҳаббат аст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон поздравил таджикистанцев с Наврузом
Эмомали Рахмон поздравил таджикистанцев с Наврузом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба ифтихори Наврӯз тоҷикони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро табрик кард
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар дар паёмаш гуфт, ки Наврӯз дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун як ҷашни фарҳангиву мардумӣ, балки ба сифати суннати муҳимми эҳёи табиат ва талош барои фаровонӣ азизу гиромӣ дониста мешавад.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки тоҷикистониён бояд бо ҷашни Наврӯз, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, ифтихор намоянд ва онро азизу гиромӣ доранд.
Зеро ҷашни Наврӯз барои тоҷикон рамзи ваҳдати миллӣ ва дӯстиву муҳаббат буда ааст ва дирӯзу имрӯз ва фардои мардуми ориёитаборро ба ҳам мепайвандад.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, Наврӯз ва Соли нави аҷдодӣ ба хонадони мардуми фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик саломативу хушҳолӣ ва фатҳу кушоишҳои нав меоварад.
“Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро барои ниҳолшинонӣ, тозаву озода кардани ҳар як хонаву кошона ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалли зисти худ, созандагиву ободонии Ватани азизамон ва заҳмати аҳлонаи хурду бузурги кишвар истифода барем”, - афзуд президенти кишвар.
Танцоры во время новогодних празднеств до Навруза в Иране   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Ҳазорон эронӣ барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистонро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо дастони худ обод месозем.
“Давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта мегардонем, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд мекунем ва барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё менамоем” – зикр кард раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки тоҷикон ҳама ҷашну хурсандӣ, хусусан, Наврӯзро бо хонаи тозаву озода, зоҳири зебову ороста ва ботини поку беолоиш истиқбол мегиранд.
Вай гуфт, набояд фаромӯш кард, ки тоҷикон дар байни мардумони ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангӣ шинохта ва эътироф шудаанд.
“Мо бояд номи неки миллати фарҳангиро бо одоби баланди инсонӣ ва маданияти либоспӯшӣ дар ҳама ҷо, бахусус, ҳангоми ба пойтахт омадан ва сафар ба кишварҳои дигар пос дорем”, афзуд раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон, хотирнишон шуд, ки айёми Наврӯз беҳтарин фурсат барои баргузории ҳар гуна ҳамоишу озмунҳо ҷиҳати таблиғу муаррифии либосҳо ва таомҳои миллӣ мебошад.
Пресс-конференция глав государств Таджикистана и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Паёми наврӯзии Раҳмону Пизишкиён ба мардумони Эрону Тоҷикистон
Вай хотирнишон кард, ки байни мардуми мо забҳи чорво барои гузаронидани чорабиниҳои наврӯзӣ роиҷ нест.
Вай гуфт ин ҷашнро гузаштагони мо бо омода кардани таомҳои миллӣ аз гиёҳҳои шифобахши диёри биҳиштосоямон ва бо риояи қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор менамуданд.
Лентаи хабарҳо
0