Ҳазорон эронӣ барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд

© AP / Vahid SalemiТанцоры во время новогодних празднеств до Навруза в Иране
Танцоры во время новогодних празднеств до Навруза в Иране   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии эронӣ аз сафари ҳазорон сайёҳи эронӣ ба Тоҷикистон дар рӯзҳои наврӯзӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 20 март – Sputnik. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳузури ҳамтои эрониаш аз мардуми Эрон даъват карда буд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.
Фирӯз Ҳамдамов, намояндаи ширкати ҳавопаймои эронии “Вориш Айр” дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст дар ҷараёни ҷашни Наврӯз ҳудуди ду ҳазор гардишгар аз Эрон ба ин кишвар сафар кунанд.
"Танҳо дар ҳафтаи қабл аз таътилот, ҳудуди 18 парвоз аз Теҳрон, Машҳад ва ҷазираи Кеш анҷом хоҳад шуд,", - гуфт Фирӯз Ҳамдамов.
Намояндаи “Вориш Айр” дар Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои саёҳатии эронӣ ин сафарро барои гардишгарон тавре созмондеҳӣ карданд, ки бо вуруд ба шаҳри Душанбе онҳо битавонанд аз водии Зарафшон ва шаҳри Хуҷанд низ дидан кунанд.
“Теъдоди бузурге аз гардишгарони эронӣ мехоҳанд шаҳри бостонии Саразмро, ки беш аз 5500 сол қадомат дорад ва дар ноҳияи Панҷакент ҷойгир аст, низ тамошо кунанд”, гуфт Фирӯз Ҳамдамов.
Подготовка к Наврузу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Наврӯз наздик аст: сокинони Тоҷикистон дар рӯзҳои Ид чӣ гуна истироҳат хоҳанд кард
Сафари теъдоди бузурги сайёҳони эронӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳузури ҳамтои эрониаш Масъуди Пизишкиён аз мардуми Эрон даъват кард, то барои таҷлили аз Наврӯз бо аҳли хонавода ба Тоҷикистон оянд.
Афзойиши парвозҳо аз Эрон ба Тоҷикистон низ собиқа надорад. Фақат ду соли пеш миёни Душанбе ва Теҳрон фақат як парвоз дар ҳафта сурат мегирифт. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, имрӯзҳо як парвоз аз "Сомон Эйр" ва се парвоз аз "Вориш Эйр" сурат мегирад. Дар рӯзҳои наврӯзӣ "Сомон Эйр" ду парвози тақвимӣ ва боз ду парвози иловагӣ анҷом додааст. Намояндаи "Вориш Эйр" мегӯяд, ки ҳашт парвози иловагӣ ва "Киш Эйр", ширкати дигари эронӣ, се парвоз аз Киш ба Душанбе анҷом хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0