https://sputnik.tj/20250320/payomi-navruzii-rahmon-pizishkiyon-mardumoni-eron-tojikiston-1066654599.html
Паёми наврӯзии Раҳмону Пизишкиён ба мардумони Эрону Тоҷикистон
Паёми наврӯзии Раҳмону Пизишкиён ба мардумони Эрону Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Эрон дар паёмҳое фарорасии Наврӯзро ба якдигар ва мардумони ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг табрик гуфтанд
2025-03-20T13:49+0500
2025-03-20T13:49+0500
2025-03-20T13:49+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
паёми табрикот
наврӯз
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065892956_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_e3c74cf030d16ae8397b0778dfe91fb1.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар як паёме фаро расидани Наврӯзи бостониро ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон табрик гуфт.Дар ин бора сафорати Эрон дар душанбе хабар додааст.Ба иттилои сафорат Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид кардаас, ки ҷашни Наврӯз ба унвони таҷассуме аз ваҳдати мироси фарҳангӣ ва суннатҳои чандсадсола, нақши муҳимме дар таҳкими равобити байни мардумон, бар асоси идаҳои сулҳу амният, эҳтирому ҳимояти мутақобил ифо мекунад.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон дар паёмаш таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз сатҳи кунунии равобит байнидавлатӣ бо Эрон ибрози ризоят менамояд.“Ман муътақидам кишварҳои мо бо такя бар арзишҳои волои ҷаҳонӣ ин суннати дерина, ба талошҳои муштарак барои ғаноии бештари муҳтавои равобити чандҷонибаи худ идома хоҳанд дод”, - гуфтааст Раҳмон.Дар ҳамин ҳол Масъуд Пизишкиён дар паёме ба унвони Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани Иди Наврӯз ва оғози соли ҷадидро ба ҷаноби раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон самимона табрик гуфт.“Баҳор, нуқтаи эътидоли табиат ва хостгоҳи меҳрубонӣ, ҳамдилӣ ва тароват аст. Умедворам дар соли ҷадид, шоҳиди таҳаввули шигарф дар муносиботи дӯстонаи ду кишвар ва ҳолу аҳволи зиндагии миллатҳоямон бошем. Аз худованди мутаъол, саломатӣ ва муваффақият он ҷаноб, беҳрузӣ ва шодкомии мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин тавсеа беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳои кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯзро масъалат менамоям”, -гуфт Пизикиён.Ҳамзамон Сайид Аббос Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддинро дар як паём бо фаро расидани Наврӯз табрик гуфт.Вай дар паёмаш қайд кардааст, ки Наврӯз ойинест, ки имрӯз Тоҷикистону Эрон ба фарҳанги пурбори он бисёр ниёзманд ҳастанд.Вай изҳори умедвории барқарории равобити беҳтару густардатар миёни ҳамсоягониҳавзаи тамаддуни Наврӯз кардааст.
https://sputnik.tj/20250319/navruzro-dushanbe-kujo-metavon-jashn-1066630338.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065892956_139:52:1147:808_1920x0_80_0_0_e8fd3a9e1226468eb12c1eda9d332dbe.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, паём, табрикот, наврӯз, эмомалӣ раҳмон, масъуд пизишкиён
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, фарҳанг, паём, табрикот, наврӯз, эмомалӣ раҳмон, масъуд пизишкиён
Паёми наврӯзии Раҳмону Пизишкиён ба мардумони Эрону Тоҷикистон
Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Эрон дар паёмҳое фарорасии Наврӯзро ба якдигар ва мардумони ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг табрик гуфтанд
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар як паёме фаро расидани Наврӯзи бостониро ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон табрик гуфт.
Дар ин бора сафорати Эрон дар душанбе хабар додааст.
Ба иттилои сафорат Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид кардаас, ки ҷашни Наврӯз ба унвони таҷассуме аз ваҳдати мироси фарҳангӣ ва суннатҳои чандсадсола, нақши муҳимме дар таҳкими равобити байни мардумон, бар асоси идаҳои сулҳу амният, эҳтирому ҳимояти мутақобил ифо мекунад.
“Суннатҳои ҷовдона ва созандаи Наврӯзӣ моро ба талоши мустамар барои тақвияти бештари пайвандҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд байни мардумон ва кишварҳоямон ташвиқ мекунад”, - қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон дар паёмаш таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз сатҳи кунунии равобит байнидавлатӣ бо Эрон ибрози ризоят менамояд.
“Ман муътақидам кишварҳои мо бо такя бар арзишҳои волои ҷаҳонӣ ин суннати дерина, ба талошҳои муштарак барои ғаноии бештари муҳтавои равобити чандҷонибаи худ идома хоҳанд дод”, - гуфтааст Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол Масъуд Пизишкиён дар паёме ба унвони Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани Иди Наврӯз ва оғози соли ҷадидро ба ҷаноби раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
“Баҳор, нуқтаи эътидоли табиат ва хостгоҳи меҳрубонӣ, ҳамдилӣ ва тароват аст. Умедворам дар соли ҷадид, шоҳиди таҳаввули шигарф дар муносиботи дӯстонаи ду кишвар ва ҳолу аҳволи зиндагии миллатҳоямон бошем. Аз худованди мутаъол, саломатӣ ва муваффақият он ҷаноб, беҳрузӣ ва шодкомии мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин тавсеа беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳои кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯзро масъалат менамоям”, -гуфт Пизикиён.
Ҳамзамон Сайид Аббос Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддинро дар як паём бо фаро расидани Наврӯз табрик гуфт.
Вай дар паёмаш қайд кардааст, ки Наврӯз ойинест, ки имрӯз Тоҷикистону Эрон ба фарҳанги пурбори он бисёр ниёзманд ҳастанд.
Вай изҳори умедвории барқарории равобити беҳтару густардатар миёни ҳамсоягониҳавзаи тамаддуни Наврӯз кардааст.