https://sputnik.tj/20250321/navruz-dushanbe-jashn-video-1066676320.html
Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн гирифтанд - видео
Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн гирифтанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид
2025-03-21T16:48+0500
2025-03-21T16:48+0500
2025-03-21T16:48+0500
видео
душанбе
наврӯз
таҷлили наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/15/1066676003_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_c2c311de4e4ec066ecc591e2e151a06c.jpg.webp
Субҳи барвақт дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид.Ҳамчунин субҳ "Корвони наврӯзӣ" бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид.Инчунин бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт баргузории як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ идома дорад.Раҳмон: Наврӯз барои тоҷикон рамзи ваҳдати миллӣ ва дӯстиву муҳаббат астДар рӯзҳои ҷашн бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.Путин Раҳмонро бо Наврӯз табрик кардҲамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ асарҳои рассомон, ҳунари дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо намоиш дода мешаванд.Имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, бо барномаҳои пуршукуҳи идона вамаҳфилҳои ҳунарӣ таҷлил мегардад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/15/1066676003_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_746e96aa9b94f6827af4c5dc11db1e95.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, наврӯз, душанбе, таҷлил, меҳмонон, сокинон
видео, наврӯз, душанбе, таҷлил, меҳмонон, сокинон
Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн гирифтанд - видео
Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид
Субҳи барвақт дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид.
Ҳамчунин субҳ "Корвони наврӯзӣ" бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид.
Инчунин бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт баргузории як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ идома дорад.
Дар рӯзҳои ҷашн бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.
Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ асарҳои рассомон, ҳунари дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо намоиш дода мешаванд.
Имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, бо барномаҳои пуршукуҳи идона вамаҳфилҳои ҳунарӣ таҷлил мегардад.