https://sputnik.tj/20250321/putin-rahmonro-bo-navruz-tabrik-kard-1066672315.html
Путин Раҳмонро бо Наврӯз табрик кард
Путин Раҳмонро бо Наврӯз табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия рӯзи 21 март ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони кишварҳои ИДМ бахшида ба ҷашни Наврӯз номаи табрикотӣ ирсол кард
2025-03-21T13:49+0500
2025-03-21T13:49+0500
2025-03-21T13:49+0500
русия
дар русия
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
наврӯз
табрик
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066610909_0:0:3082:1734_1920x0_80_0_0_0e5af9342320125396d733fc432ecd1a.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо як номаи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷашни Наврӯз табрик кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ба раҳбарони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Туркманистон Сардорр Бердимуҳамедов ва Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфт."Президенти Русия Владимир Путин ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз ба Президенти Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ирсол кард", - қайд кардааст дафтари матбуоти Кохи Кремлин.Путин дар табрикоти худ “изҳори итминон кард, ки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ба нафъи халқҳои дӯсти мо минбаъд низ бомуваффақият рушд хоҳанд кард”.Илова бар ин, раҳбари Русия ба ҳамаи шаҳрвандони ин давлатҳо орзуҳои неки худро расондааст.Наврӯз — нахустин рӯзи соли хуршедии эронӣ баробар бо якуми фарвардинмоҳ, ҷашни оғози соли нави эронӣ ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои баҷомонда аз даврони Эрони Бостон. Хостагоҳи Наврӯз дар Эрони Бостон аст ва дар манотиқи васеъе дар Осиё ва дигар нуқоти ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Замони баргузории Наврӯз, эътидоли баҳорӣ ва дар оғози фасли баҳор аст.Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
https://sputnik.tj/20250321/rahmon-navruz-tojikon-ramzi-vahdati-milli-dusti-muhabbat-1066663389.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066610909_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_408aa079219d4e2f469352aec3cfef08.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, путин, наврӯз, табрик, номаи табрикотӣ, ирсол, идм, раҳмон
тоҷикистон, путин, наврӯз, табрик, номаи табрикотӣ, ирсол, идм, раҳмон
Путин Раҳмонро бо Наврӯз табрик кард
Раисҷумҳури Русия рӯзи 21 март ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони кишварҳои ИДМ бахшида ба ҷашни Наврӯз номаи табрикотӣ ирсол кард
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо як номаи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷашни Наврӯз табрик кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ба раҳбарони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Туркманистон Сардорр Бердимуҳамедов ва Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфт.
"Президенти Русия Владимир Путин ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз ба Президенти Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ирсол кард", - қайд кардааст дафтари матбуоти Кохи Кремлин.
Путин дар табрикоти худ “изҳори итминон кард, ки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ба нафъи халқҳои дӯсти мо минбаъд низ бомуваффақият рушд хоҳанд кард”.
Илова бар ин, раҳбари Русия ба ҳамаи шаҳрвандони ин давлатҳо орзуҳои неки худро расондааст.
Наврӯз — нахустин рӯзи соли хуршедии эронӣ баробар бо якуми фарвардинмоҳ, ҷашни оғози соли нави эронӣ ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои баҷомонда аз даврони Эрони Бостон. Хостагоҳи Наврӯз дар Эрони Бостон аст ва дар манотиқи васеъе дар Осиё ва дигар нуқоти ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Замони баргузории Наврӯз, эътидоли баҳорӣ ва дар оғози фасли баҳор аст.
Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.