Бонки миллӣ дар 9 сол иҷозатномаи 93 ташкилоти қарзии ноустувору ғайрифаъолро бозхонд кард

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи наздик ба 100 ташкилотҳои қарзиро барои ҷавобгӯ набудан ва пайваста риоя накардани меъёрҳобозхонд кардааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар мақолаи ахири худ, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, таъкид кардааст, ки дар натиҷаи ислоҳоти гузариши низоми бонкӣ аз миқдор ба сифат давоми солҳои 2015-2024 иҷозатномаи 93 ташкилоти қарзии молиявии ноустувору ғайрифаъол, бозхонд карда шудааст.
Ба гуфтаи вай иҷозатномаи ин ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба хотири ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуда, пайваста меъёрҳои мақбули муқарраршударо риоя намекарданд, бозхонд карда шудааст.
Инчунин вай гуфт, ки иҷозатномаи ташкилоти қарзие, ки шакли ҳуқуқиашонро иваз намуданд дар ин давра бозхонд карда шуданд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар ин давра ба 21 ташкилоти қарзии молиявӣ (бо назардошти азнавташкилдиҳӣ), аз ҷумла 8 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 10 ташкилоти амонатии қарзии хурд ва 2 фонди қарзии хурд иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ дода шуд.
Фируз Шарифзода қайд кардааст, ки новобаста ба кам шудани шумораи ташкилоти қарзии молиявӣ давоми солҳои 2015 -2024, яъне аз 123 адад ба 65 адад расидани онҳо, нишондиҳандаҳои асосии молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳамин давра ба маротиб баланд гардидаанд.
Золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Бонки миллӣ бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот тило ба фурӯш баровардааст
Барои мисол дороиҳои низоми бонкӣ аз 18,6 миллиард сомонӣ дар соли 2015 то 47,5 миллиард сомонӣ ба санаи 31 декабри соли 2024 расидааст, ки зиёдшавӣ 2,5 маротибаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки сандуқи қарзии низоми бонкӣ ба санаи 31 декабри соли 2024-ум 21,4 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба 11,2 миллиард сомонии соли 2015 –ум 10,1- миллаирд сомонӣ ё 1,9 маротиба зиёд гардидааст; сармояи низоми бонкӣ аз 2,4 миллиард сомонӣ дар соли 2015 то 9,0 миллиард сомонӣ ба санаи 31 декабри соли 2024 расидааст, ки зиёдшавӣ 6,6 миллиард сомонӣ ё 3,7 маротибаро ташкил медиҳад.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон илова кард, ки амонатҳои низоми бонкӣ ба санаи 31 декабри соли 2024-ум 25,5 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба 8,6 миллиард сомонии соли 2015 –ум 16,9 миллиард сомонӣ ё қариб 3,0 маротиба зиёд гардидааст.
Зикр гардидааст, ки зиёд гардидани амонатҳо ва пасандозҳо дар давраи таҳлилӣ аз тадриҷан баланд гардидани боварӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0