Бонки миллӣ бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот тило ба фурӯш баровардааст

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкЗолото, архивное фото
Золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қиматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ фурӯши сабикаҳои ченакии тиллоро ба роҳ мондааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Бонки миллӣ фурӯши сабикаҳои ченакии тилло бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст.
Қайд карда шудааст, ки сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии London Good Delivery бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда мешаванд.
“Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қиматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нишон дода мешавад”, - қайд кардааст Бонки миллӣ.
Председатель Национального банка Таджикистана Фирдавс Толибзода встретился с Чрезвычайным и Полномочным Послом Малайзии в Республике Таджикистан господином Илхомом Туах Ильясом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
Бонки миллӣ аз афзоиши гузаронидани амалиётҳои бонкии исломӣ хабар дод
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки сабикаҳои ченакии тилло - воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд буда, имкон медиҳад, ки доранда онҳоро ҳамчун пасандоз нигоҳ дорад ё тавассути хариду фурӯши минбаъда даромад ба даст орад.
Шаҳрвандон метавонанд сабикаҳои тиллоро аз хазинаҳои дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, шаҳраки Ғарм ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дастрас намоянд.
Лентаи хабарҳо
0