Тағйироти кадрӣ: Раҳмон кадрҳои ҷавонро вазифа доду нафақахуронро гусел кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон провел кадровые назначения в различных государственных органах
Эмомали Рахмон провел кадровые назначения в различных государственных органах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор сохторҳои давлатӣ кадрҳои ҷавон ва мутахассисони варзидаро ба вазифаҳои раҳбарӣ таъин кард
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Манбаъ қайд кардааст, ки кадрҳои ба вазифаҳо таъйиншуда барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Таъкид шудааст, ки бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати кишвар дар ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти иҷро, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва чанде аз муасссисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Аз ҷумла қайд карда шудааст, ки кадрҳое, ки ба синни нафақа расидаанд аз вазифа озод ва мутахассисони ҷавону варзида ба вазифаҳои раҳбарӣ таъин шуданд.
Эмомали Рахмон во время для прессы по итогам российско-таджикистанских переговоров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Аз иқтисод то амнияту фарҳанг: Қаноатмандии Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот дар Маскав
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, дар бораи баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба талаботи замон мутобиқ ва самарабахш намудани тадқиқоти илмӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни илму истеҳсолот, беҳтар намудани сифати корҳо дар соҳаҳои тандурустӣ таъкид кард.
Вай ҳамчунин дар бораи баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани зербино ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва дигар мавзӯъҳои таъкид кард ва ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншуда супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, раисҷумҳур ба омӯзиши амиқи забонҳои ҷаҳонӣ ва аз худ намудану ба манфиати кор васеъ истифода намудани технологияҳои муосири иттилотӣ таваҷҷуҳ кард.
Лентаи хабарҳо
0