Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад

Ҳизби Раҳмон пирӯз шуд: Натиҷаи пешакии интихоботи парлумони Тоҷикистон маълум шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон проголосовал на выборах в парламент Таджикистана
Эмомали Рахмон проголосовал на выборах в парламент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Обуна шудан
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳизби ҳоким пирӯз шу. Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон аст, 51,9% овозҳоро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии рӯзи 2 мартро эълон кард.
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳизби ҳоким пирӯз шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар интихоботи парлумонӣ 85,3%-и раъйдиҳандагон иштирок доштанд.
Ба гузориши КМИР Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон аст, 51,9% овозҳоро ба даст овард.
Тавре Раиси Комиcсия Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 21%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 5,1%, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 12,7%, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 1,9%, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 5,3% ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 51,9% овоз додаанд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Бахтиёр Худоёрзода хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ курсиҳо дар порлумон дар рӯйхати ҳизбӣ чунин тақсим карда шуданд:
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – 12 курсӣ,
Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ,
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ,
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон -1 курсӣ
Ҳизби демократи Тоҷикистон – 1 курсӣ,
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон натавонист дар интихобот раъйи кофӣ бигирад ва ба ҳамин хотир аз гирифтани курси дар парлумони Тоҷикистон канор монд.
Очередь в посольство в Москве для голосования - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ
Курсиҳои боқимонда дар парлумон байни номзадҳои аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ интихобшуда тақсим карда мешаванд.
Ба иттилои КМИР дар интихобот дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон иштирок намуданд, ки ин 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирокнамуда аз рӯйхати номзадҳо ва ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмуъ намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.
Иброз гардид, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, дар он аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0