Боевая работа РСЗО Град 25 армии на Краснолиманском направлении в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Economist: Киев аз як ҳампаймони ИМА ба як муштарии қарздор табдил ёфт

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкСгоревшая колонна ВСУ в освобожденном российскими войсками селе Гончаровка в Курской области.
Сгоревшая колонна ВСУ в освобожденном российскими войсками селе Гончаровка в Курской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Обуна шудан
Маҷаллаи “Economist” дар мақолаи ахири худ навиштааст, ки Украина пас аз ба сари қудрат расидани Доналд Трамп аз ҳампаймони ИМА ба муштарии қарздор табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Маҷаллаи “Economist” бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати Украина навиштааст, ки ҳукумати Киев аз он шикоят дорад, ки Украина баъд ба қудрат расидани президенти ИМА Доналд Трамп ба муштарии қарздори Амрико табдил ёфтааст.
Манбаъ ба нашрия гуфтааст, "Возеҳ аст, Трамп моро дидан намехоҳад ва дар тӯли ҳафт ҳафта (дар давраи ҳукмронии Трамп) мо аз ҳампаймон ба муштарии қарздор табдил ёфтем".
Ба навиштаи ин маҷалла, бархе аз мақомоти истихбороти Украина мегӯянд, ки тасмими Трамп дар бораи қатъи табодули иттилоъот бо Киев дар заминаи шикасти Киев дар минтақаи Курск як зарбаи ғайричашмдошт барояшон буд ва иддаъо мекунанд, ки амрикоиҳо дурӯғ мегӯянд, ки гӯё нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои дифоъ аз худ тамоми лавозимот ва имконотро доранд.
Сгоревшая колонна ВСУ в освобожденном российскими войсками селе Гончаровка в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Даҳҳо сарбоз ба асорат афтоданд: Киев аз фоҷеъа дар Курск эълон кард
Тавре нашрия қайд мекунад, бархеҳо дар Украина бар ин назаранд, ки Трамп кӯшиш кард, Украинаро аз фишангҳои ҳудудӣ маҳрум кунад ва ба музокира бештар мутобиқ созад.
Дар охири хафтаи гузашта артиши Русия дар вилояти Курск ба ҳамлаи густарда анҷом доданд, ки дар давоми чанд рӯз зиёда аз 1100 километри ҳудуди вилояти Курскро озод карданд.
Аз ҷумла артиши Русия деҳаҳои Старая Сорочина, Малая Локня, Черкасское Поречное, Мартыновка ва Михайловкаро озод карданд.
Рӯзи панҷшанбе вазорати дифои Русия дар бораи озод кардани маркази вилоят Суҷа хабар дод. Сарбози нерӯҳои вижа "Ахмат" гуфт, ки ҳангоми пеш рафтани нирӯҳои русӣ дар вилояти Курск ҷангиёни гурӯҳҳои нозии украинӣ инчунин зархаридони лаҳистонӣ аз Казачя Локня фирор карданд.
Лентаи хабарҳо
0