Даҳҳо сарбоз ба асорат афтоданд: Киев аз фоҷеъа дар Курск эълон кард

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкСгоревшая колонна ВСУ в освобожденном российскими войсками селе Гончаровка в Курской области
Сгоревшая колонна ВСУ в освобожденном российскими войсками селе Гончаровка в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Обуна шудан
Рӯзноманигори украинӣ Бутусов гуфт, ки даҳҳо сарбози артиши Украина дар вилояти Курски Русия ба сарбозони рус таслим шуданд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Рӯзноманигори украинӣ Юрий Бутусов дар мусоҳиба бо "Украинская правда" гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Украина тарки вилояти Курскро идома медиҳанд ва то ҳол даҳҳо сарбоз ба асорат афтиданд.
"Қушунҳои мо ақибнишиниро идома медиҳанд. Ақибнишинӣ душвор аст, душман фишор меорад. Талафоти калон додем, бисёриҳо бедарак шудаанд. Душман даҳҳо нафар сарбозони моро асир гирифт”, — шикоят кард у.
Рӯзноманигор фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар он муттаҳам кард, ки ба хурӯҷи нирӯҳои украинӣ омодагӣ нагирифтанд ва ба иқдомоти артиши Русия омода набудааст.
Ҳафтаи гузашта сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерали артиш Валерий Герасимов изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ноумедшудан дар самти Курск фаъолона таслим мешаванд.
Сгоревший бронеавтомобиль Козак в деревне Русская Конопелька в Суджанском районе Курской области, освобожденной российскими Вооруженными силами от подразделений ВСУ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина давоми ҳафта дар вилояти Курск беш аз ду ҳазор низомияшро аз даст дод
Вай ҳамчунин ба президент Владимир Путин гузориш дод, ки артиши Русия дар ҷараёни амалиёти худ дар минтақаи марзии Курск беш аз 1100 километри мураббаъ қаламравро, яъне беш аз 86 дарсади майдони қаблан ишғолкардаи душманро озод кардаанд.
Владимир Путин вазифа гузошт, ки дар ояндаи наздик душманро дар вилояти Курск ниҳоят торумор карда, минтақаҳоро комилан озод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0