Чаро бошгоҳҳои бузург ба бозигарони тоҷик таваҷҷӯҳ надоранд: посухи сармураббӣ

Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2025
Обуна шудан
Набуди инфрасохтори зарурӣ ба тамрину тарбияи бозигарони ҳирфаӣ ва дар оянда ба рушди касбии онҳо сахт таъсир мерасонад, ки бояд ҳаллу фасл шавад
ДУШАНБЕ,15 мар – Sputnik. Бошгоҳи футболи "Хуҷанд" дар мавсими нав қариб нисфи ҳайаташро иваз карда, бо нуҳ бозигар, ки сетоаш аз хориҷ ҳастанд шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Дар ин бора сармурабии даста Рустам Хоҷаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт ва гуфт, ки гузаришҳои анҷомдодаашон дар дарвоза, хатти дифоъ ва ҳамлавар аст.
Ба таъкиди вай, бозиҳо нишон медиҳад, ки футболбозони нав худро то чӣ андоза нишон медиҳанд, лекин дар умум чанд бозигари хубро аз даст додаанд.
“Бозигароне, ки намехостанд, рафтанд. Шояд дигарон шароитҳои хуб пешниҳод карданд. Мо ба ҷояшон дигарҳоро гирифтем ва ба онҳо такя мекунем”,- афзуд мутахассис.
Аммо дар айни замон ӯ иқрор шуд, ки кор бо ҳайате, ки қариб нисфаш тағйир ёфтааст мушкил мегардад. Бошгоҳи “Хуҷанд ба гуфтаи вай, ҳар сол мушкили нисфи даста рафтанро дорад, ки ба ҳамгироӣ ва омодагиҳои минбаъдаи тим мушкил эҷод мекунад.
”Хело мушкил аст, ки ҳар сол аз мавсими нав нисфи даста нав мегардад ва то ҳамдигарфаҳмӣ мешаваду онҳо худро чун як оилаи пурқувват ҳис мекунанд, вақт лозим аст. Барои тайёр кардани тим ба мақсади муайян ду - се сол омода кардан лозим аст, аммо мо ҳар сол ин мушкилро дорем”,- таъкид кард сармураббӣ.
Кубок Азии по футболу 2031 года  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2025
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Бо вуҷуди ин мутахассис умед дорад, ки дар ин самт бисёр мушкилӣ намекашанд ва бозии даври аввали Чемпионати Тоҷикистон бо “Истиқлол” буд.
“Бозии шоиста нишон додем, ба фикри ман арзандаи бохт ҳам набудем, лекин ин футбол ва як хато дар назди дарвоза кардем, ки боиси гол шуд. Нофаҳмиҳо миёни бозигарон ҳаст ва талош дорем дар вақти тамрин онҳоро ислоҳ кунем”,- афзуд ӯ.
Ба андешаи ӯ Чемпионати Тоҷикистон минбаъд пуршӯр ва бо мухсилони зиёд хоҳад гузашт, зеро бо дастури президенти ФФТ дар бисёр варзишгоҳҳо равшанидиҳандаҳо насб мешаванд ва минбаъд қарор аст, ки рақобатҳо шомгоҳон доир шавад ва ин барои ҳузури мухлисон мусоид аст. Зеро қаблан бозиҳо рӯзона доир мешуд ва бинобар гармӣ кам ба майдонҳо тамошобинон меомаданд.

Бозигари хуб дорем, аммо рейтинги паст ҳам дорем

Мушкили калони футболи тоҷик имрӯз инфрасохторӣ варзишӣ аст, ки монеи рушди он мегардад, гуфт Хоҷаев.
"Бубинед ҳоло Чемпионати Тоҷикистон сар шуд ва ба ҷуз аз Варзишгоҳи марказии Душанбе ягон майдон ба талабот ҷавобгӯ нест. Дастаҳо майдонҳои худро ба талаботи оинномавии ФФТ ҷавобгӯ накардаанд”,- мегӯяд ӯ.
Набуди инфрасохтори зарурӣ ба тамрину тарбияи бозигарон ва дар оянда ба бозии онҳо сахт таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин ба гуфтаи мутахассис дар кишвар бозигарони соҳибистеъдод ҳастанд, ки тавони бозӣ дар тимҳои пуриқтидорро доранд. Аммо мутаассифона бинобар паст будани рейтинги кишвар дар радабандии ФИФА сабаб мешавад, ки инҳо дур аз назари дастаҳои номдор, бахусус дастаҳои аврупоӣ монанд.
Истиқлол ва Хуҷанд, бозӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2025
Лигаи олии Тоҷикистон арзонтар шуд: бошгоҳҳои футболи кишвар чӣ қадар қимат доранд?
“Ҳарчанд дар дигар давлатҳо мо ҳангоми сафарҳо бозии хуб нишон медиҳем, аммо аз чӣ сабаб барои бозигарон таваҷҷӯҳ кам аст ва ин ҳам шояд рабт дорад ба рейтинги пасти футболи кишвар”,- тавзеҳ дод ӯ.
Дар самти тағйир додани назарҳои менеҷерони бошгоҳҳои аврупоӣ дар бораи бозигарон аз Осиёи Миёнаро гузариши ахири бозигари Узбекистон Абдулқодир Хусанов ба бошгоҳи “Манчестер Сити” ва чанде дигар метавонад намуна бошад.
“Ду сол пеш дар Узбекистон ягон даста талабгори Хусанов набуд ва ӯ ба тими беларусӣ рафт, ки он ҳам он қадр қавӣ набуд. Аз онҷо менеҷерон кор карданду ба Фаронса бурданд ва ӯро тими “Манчестер Сити” мушоҳида карду ба худ гирифт”,- гуфт Хоҷаев.
Мутахассис дар хулоса гуфт, роҳёбии чун Хусановҳо ба бошгоҳҳои бузург дидгоҳҳоро ба самти футболи минтақа дигар ва масирро барои бозигарон барои пайвастан ба дастаҳои номдор боз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0