Лигаи олии Тоҷикистон арзонтар шуд: бошгоҳҳои футболи кишвар чӣ қадар қимат доранд?

© Foto / Сомонаи бошгоҳи "Истиқлол""Истиқлол" ва "Хуҷанд", бозӣ
Истиқлол ва Хуҷанд, бозӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2025
Обуна шудан
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе бо вуҷуди поин рафтани қимат ҳанӯз дар рӯйхати беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Қимати лигаи олии Тоҷикистон дар муқоиса бо навсозии нархҳои қаблӣ поин рафт.
Инро маълумот портали таҳлилии Transfermarkt нишон медиҳад.
Он мавсими навро бо арзиши 7,48 миллион евро оғоз мекунад, ки ба таври чашмгир поёнтар аз мавсимҳо гузашта аст. Пештар нархи он 9,36 миллион ва ҳатто пештар 11 миллион евро буд.
Дар ҳамин ҳол, "Истиқлол" бо вуҷуди ба 3,380 миллион евро поин рафтанаш гаронарзиштарин бошгоҳ боқӣ мемонад.
Шервони Мабатшоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2025
Мабатшоев низ тарки "Истиқлол" кард
"Равшан"-и Кӯлоб ба ҷойи дувум - 1, 750 млн евро баромад, дар ҷои сеюм "Барқчӣ"-и Ҳисор - 650 ҳазор евро мебошад.
Чаҳорум "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода аст, ки қиматиаш 600 ҳазор евро будааст. ССКА-и пойтахт аз ҷиҳати арзиш — 350 ҳазор панҷгонаи аввалро мебандад.
Қаблан маълум шуд, ки ФИФА барои рушди футбол дар Тоҷикистон омода аст.
Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Маттиас Графстрем гуфт, ки минбаъд ҳам барои таблиғ ва рушди футбол дар саросари Тоҷикистон ва Осиё талош хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0