https://sputnik.tj/20250313/parvozhoi-mustaqim-tojikistonu-qirghiziston-barqaror-1066557740.html
Парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сарони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад
2025-03-13T15:36+0500
2025-03-13T15:36+0500
2025-03-13T15:36+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳавопаймо
сомон эйр
барқароршавии парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/22/1030942262_0:0:1600:900_1920x0_80_0_0_edb0e5ac05ff8acd927c92b40d823d42.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад.Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, аввалин парвоз пагоҳ тавассути ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом меёбад.Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр хабар дод, ки Ширкат шурӯъ аз 14-уми марти соли ҷорӣ иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба Бишкек дубора оғоз менамояд.Ширкат қайд кардааст, ки барқарории интиқолоти ҳавоӣ байни ду пойтахт тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодиву фарҳангии байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад ва ҳамзамон ба рушди гардишгарӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.Аввалин парвоз дар масири Душанбе - Бишкек санаи 14-уми марти соли 2025 амалӣ мегардад.Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Бишкек соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.Тавре интизор меравад, минбаъд шурӯъ аз санаи 23-юми март парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд.Итминон аст, ки дар ояндаи наздик ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта афзоиш дода, рӯзҳои чоршанбеу якшанбе анҷом диҳад.Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 сурат мегиранд.Дар сомонаи расмии интернетии ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои Душанбе - Бишкек аллакай пайдо шуданд.Чиптаҳои парвози фардоро бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар айни замон парвозҳои мунтазамро ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20250313/rahmon-va-jabborov-sozishnoma-dar-borai-marzi-tojikistonu-qirghizistonro-imzo-kardand-1066550789.html
https://sputnik.tj/20250313/sodir-jabborov--jashni-navruz-khujand-shirkat-1066552997.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/22/1030942262_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_eb7ba114ee78fe0fd6877465cc668982.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳавопаймо, барқарории парвозҳо, хатсайри ҳавоӣ
тоҷикистон, қирғизистон, ҳавопаймо, барқарории парвозҳо, хатсайри ҳавоӣ
Парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад
Сарони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Аз пагоҳ, 14-уми марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор мешавад.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аввалин парвоз пагоҳ тавассути ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом меёбад.
Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр хабар дод, ки Ширкат шурӯъ аз 14-уми марти соли ҷорӣ иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба Бишкек дубора оғоз менамояд.
“Иқдоми мазкур ба шарофати гуфтушуниди муваффақонаи сардорони ҳар ду давлат — президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қиргизистон, Содир Ҷабборов, ки дар доираи сафари давлатии раисҷумҳури кишвар ба Бишкек сурат гирифт, роҳандозӣ мешавад”, - қайд кардааст ширкати “Сомон-Эйр”.
Ширкат қайд кардааст, ки барқарории интиқолоти ҳавоӣ байни ду пойтахт тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодиву фарҳангии байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад ва ҳамзамон ба рушди гардишгарӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Аввалин парвоз дар масири Душанбе - Бишкек санаи 14-уми марти соли 2025 амалӣ мегардад.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Бишкек соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Тавре интизор меравад, минбаъд шурӯъ аз санаи 23-юми март парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд.
Итминон аст, ки дар ояндаи наздик ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта афзоиш дода, рӯзҳои чоршанбеу якшанбе анҷом диҳад.
Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 сурат мегиранд.
Дар сомонаи расмии интернетии ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои Душанбе - Бишкек аллакай пайдо шуданд.
Чиптаҳои парвози фардоро бо нархи 87 евро харидан мумкин аст ва вақт парвоз якуним соат хоҳад буд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар айни замон парвозҳои мунтазамро ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.