https://sputnik.tj/20250313/sodir-jabborov--jashni-navruz-khujand-shirkat-1066552997.html
Содир Ҷабборов Наврӯзро дар Хуҷанд ҷашн мегирад
Содир Ҷабборов Наврӯзро дар Хуҷанд ҷашн мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Руасои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон иди Наврӯзро дар Хуҷанд якҷоя ҷашн мегиранд
2025-03-13T12:21+0500
2025-03-13T12:21+0500
2025-03-13T12:23+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
содир ҷабборов
наврӯз
ҷашн
таҷлил
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0d/1066553985_0:128:2048:1281_1920x0_80_0_0_857e8997c4497f8340323da5f6a77d65.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар ин бора дар ҷараёни музокироти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд.Раҳбари Қирғизистон қайд кард, ки таҷлили муштараки Наврӯз ба анъанаи нек табдил меёбад, ки рамзи сулҳу ваҳдати мардуми Осиёи Марказӣ мебошад."Ҳадафи умумии мо таҳкими эътимод байни мардум аст. Дар ин самт таҳкими ҳамкориҳои минтақаҳои наздимарзӣ қадами муҳим аст. Дар ин ҷо чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ нақши хоса доранд. Дар ин замина аҳамияти таҷлили дарпешистодаи Наврӯз дар шаҳри Хуҷандро, ки 31-уми март баргузор мешавад, қайд намоям. Барои даъват изҳори сипос намуда, иштирокамро тасдиқ мекунам", — гуфт Ҷабборов.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода будем, ки ҷашни Наврӯз имсол дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.Наврӯзи имсола бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар вилояти Суғд таҷлил гардад."Дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад", - иттилоъ дода буд мақомоти вилояти Суғд.Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳоло оғоз ёфтааст ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон ба ин хотир бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро низ ба таҷлили имсолаи Наврӯз даъват кард.Президент дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз Масъуд Пизишкиён ва кулли соҳибкрону тоҷикистону Эрон даъват намуд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.
https://sputnik.tj/20250227/mehmonon-eron-omodagi-tojikiston-qabuli-khorijiyon-navruz-1066376247.html
қирғизистон
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/0d/1066553985_156:0:1976:1365_1920x0_80_0_0_c71cb3e5509e6ddd958a31e9beae3518.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, наврӯз, хуҷанд, ширкат, содир ҷабборов, суғд, фарҳанг
тоҷикистон, қирғизистон, наврӯз, хуҷанд, ширкат, содир ҷабборов, суғд, фарҳанг
Содир Ҷабборов Наврӯзро дар Хуҷанд ҷашн мегирад
12:21 13.03.2025 (Навсозишуда: 12:23 13.03.2025) Руасои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон иди Наврӯзро дар Хуҷанд якҷоя ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар ин бора дар ҷараёни музокироти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд.
Раҳбари Қирғизистон қайд кард, ки таҷлили муштараки Наврӯз ба анъанаи нек табдил меёбад, ки рамзи сулҳу ваҳдати мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.
"Ҳадафи умумии мо таҳкими эътимод байни мардум аст. Дар ин самт таҳкими ҳамкориҳои минтақаҳои наздимарзӣ қадами муҳим аст. Дар ин ҷо чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ нақши хоса доранд. Дар ин замина аҳамияти таҷлили дарпешистодаи Наврӯз дар шаҳри Хуҷандро, ки 31-уми март баргузор мешавад, қайд намоям. Барои даъват изҳори сипос намуда, иштирокамро тасдиқ мекунам", — гуфт Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода будем, ки ҷашни Наврӯз имсол дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Наврӯзи имсола бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар вилояти Суғд таҷлил гардад.
"Дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад", - иттилоъ дода буд мақомоти вилояти Суғд.
Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳоло оғоз ёфтааст ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон ба ин хотир бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро низ ба таҷлили имсолаи Наврӯз даъват кард.
Президент дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз Масъуд Пизишкиён ва кулли соҳибкрону тоҷикистону Эрон даъват намуд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.