https://sputnik.tj/20250312/elon-arzish-haj-2025-1066534367.html
Арзон шуд: Эълони арзиши Ҳаҷ -2025 барои зоирини тоҷик
Арзон шуд: Эълони арзиши Ҳаҷ -2025 барои зоирини тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст
2025-03-12T12:53+0500
2025-03-12T12:53+0500
2025-03-12T12:56+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
дин ва оин
нархи ҳаҷҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102076/57/1020765752_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_9de1d95be05bfc5c916641fad66f73cf.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2025" барои ҳар зоири тоҷик 56 800 сомонӣ хоҳад буд.Дар ин бора Кумитаи дини кишвар хабар дода гуфтааст, ки он дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян карда шуд.Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 200 сомонӣ камтар аст, зеро як соли пеш арзиши ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ ташкил медод.Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.Гуфта мешавад, ки довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин ва танзими анъанаву ҷашну маросимҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст ба эълонҳои ширкатҳое, ки гуиё ба Ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд бовар накунанд. Чун ин ширкатҳо чунин салоҳиятро надоранд.Абдулқодирзода гуфт, савоби кадом корҳо аз ҳаҷи такрорӣ бештар аст"Азбаски тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад, ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар наметавонанд дар ҳеҷ шароите барои ҳамватанони мо раводиди ҳаҷро дастрас намоянд. Бинобар ин, онҳо бо додани раводиди сайёҳӣ ё раводиди дигар баъзе аз шаҳрвандони кишвари моро то ба кишвари мизбони ҳаҷ бурда, дар он ҷо ба ҳоли худ мегузоранд" - мегӯяд ин ниҳод. Бояд гуфт тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13 300$), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
https://sputnik.tj/20240622/oyo-hangomi-haj-favtidan-savob-dorad-1063295775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102076/57/1020765752_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_06819ccb240b153882274c778028af3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаҷ-2025 нарх кумитаи дин
ҳаҷ-2025 нарх кумитаи дин
Арзон шуд: Эълони арзиши Ҳаҷ -2025 барои зоирини тоҷик
12:53 12.03.2025 (Навсозишуда: 12:56 12.03.2025) Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2025" барои ҳар зоири тоҷик 56 800 сомонӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Кумитаи дини кишвар хабар дода гуфтааст, ки он дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян карда шуд.
Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 200 сомонӣ камтар аст, зеро як соли пеш арзиши ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ ташкил медод.
Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.
Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки довталабони сафари ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.
"Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст",- афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин ва танзими анъанаву ҷашну маросимҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст ба эълонҳои ширкатҳое, ки гуиё ба Ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд бовар накунанд. Чун ин ширкатҳо чунин салоҳиятро надоранд.
"Азбаски тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад, ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар наметавонанд дар ҳеҷ шароите барои ҳамватанони мо раводиди ҳаҷро дастрас намоянд. Бинобар ин, онҳо бо додани раводиди сайёҳӣ ё раводиди дигар баъзе аз шаҳрвандони кишвари моро то ба кишвари мизбони ҳаҷ бурда, дар он ҷо ба ҳоли худ мегузоранд" - мегӯяд ин ниҳод.
Бояд гуфт тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13 300$), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.