Оё ҳангоми ҳаҷ фавтидан савоб дорад?

© AFP 2023 / Fadel SennaВерующие во время Хаджа в Мекке
Верующие во время Хаджа в Мекке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳикмати фавтидани афрод ба ҳангоми адои маросими ҳаҷро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар миёни фавтидагони маросими ҳаҷ се шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ин ки аҷсоди афроди фавтида ба ҳангоми адои ҳаҷ ба ватан баргардонида намешаванд, набояд ин хулосаро кард, ки фармуда ё ҳикмати хосе дар ин ҳаст.

“Тибқи қавонини Арабистони Саудӣ ҳар кас, ки ҳангоми адои ҳаҷ бимирад, бояд дар ҳамин кишвар, ҳамчун сарзамини муқаддас дафн шавад. Дигар ягон ҳикмате нест”, - гуфт ӯ.

Бархеҳо бар ин боваранд, ки агар мусулмон ҳангоми адои ҳаҷ бимирад, мустақим ба ҷаннат меравад ва ҳам тамоми гуноҳони ӯро Худованд мебахшад.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, чунин нест, зеро дар Қуръон ба сароҳат омадааст, ки ба ҷони худ ҷабр накун ва инсон ҳар куҷое, ки бимирад, дар он дунё вобаста ба амалҳое, ки дар ин дунё анҷом додааст, мавриди суолу ҷавоб қарор хоҳад гирифт ва азобу роҳаташро ҳам аз амалҳояш хоҳад дид.
“Дар дохили масҷид, ҳангоми намозу адои ҳаҷ ва ҳар куҷое, ки бимирад, ин ҳама посухи суолҳои ӯро нахоҳад дод. Бале, савоб дорад, аммо ҳамоно амалҳое, ки инсон дар ин дунё анҷом дода ва имону эътиқодаш дар он дунё ӯро наҷот медиҳад”, - гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Тибқи иттилои расонаҳои мухталиф, дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳое, ки ҳангоми адои ҳаҷ аксаран аз гармии ҳаво фавтидаанд, аз 1 ҳазор нафар гузаштааст.
Верующие во время Хаджа в Мекке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2024
Гармои шадид: Даргузашти се ҳоҷии тоҷик дар ҳаҷ
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, дар миёни фавтидагон се шаҳрванди ин кишвар низ ҳастанд.
Зайнабгул Ҳусейнова, сухангӯи ин ниҳод бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сабабҳо ва дигар шароити фавти онҳо то ба ҳол дақиқ нашудааст.
“Фақат ин иттилоъро дар ихтиёр дорем, ки онҳо сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва ноҳияи Фархор ҳастанд”, - гуфт Зайнабгул Ҳусейнова.
Тибқи иттилои расмӣ, соли равон аз Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0