https://sputnik.tj/20240814/abdulqodirzoda-savobi-hajji-takrori-beshtar-1063938698.html
Абдулқодирзода гуфт, савоби кадом корҳо аз ҳаҷи такрорӣ бештар аст
Абдулқодирзода гуфт, савоби кадом корҳо аз ҳаҷи такрорӣ бештар аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба сокинон тавсия дод, ки бар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро интихоб намоянд
2024-08-14T16:42+0500
2024-08-14T16:42+0500
2024-08-15T11:18+0500
дар тоҷикистон
саидмукаррам абдулқодирзода
шӯрои уламо
дин ва оин
савобҷӯӣ
ҳаҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175594_0:0:2910:1637_1920x0_80_0_0_9c90bad470de82587731349c29f5c6ab.jpg
ДУШАНБЕ, 14авг — Sputnik. Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бар он аст, ки агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд.Раиси Шурои уламои назари худро дар ин бора дар ҳамоиши матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ахиран дар шаҳри Душанбе вобаста ба муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни кишвар "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" баргузор шуд, изҳори назар кард.Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масъалаи ҳаҷи такрорӣ ва маъракаҳои баъди умра ва ҳаҷ изҳор кард, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад.Оқои Абдуқодирзода таъкид кард, ки дар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст.“Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва давомноктар мебошад. Воқеан, ҳар кори нек дар пешгоҳи Худованд савоби даҳчанд дорад. Чунонки дар ояти 160-уми сураи "Анъом" омадааст: "Ҳар касе некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст”, - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки соли равон арзиши ҳаҷ барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ буд.Ин дар ҳолест, ки соли қабл нархи ҳаҷ 59 ва соли 2022 ҳудуди 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.Имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Тибқи иттилои расмӣ соли равон беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имсол барои адои маносики ҳаҷ сафар карданд.
https://sputnik.tj/20240813/vukh-tojikiston-borai-bahsho-atrofi-satru-hijob-man-nest-1063918642.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175594_228:0:2815:1940_1920x0_80_0_0_7e19d2ed77b49ee1a0ba1b11933b8d9e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, савоб, корҳо, ҳаҷҷи такрорӣ, раиси шӯрои уламо, маӣлағ, садақа
тоҷикистон, савоб, корҳо, ҳаҷҷи такрорӣ, раиси шӯрои уламо, маӣлағ, садақа
Абдулқодирзода гуфт, савоби кадом корҳо аз ҳаҷи такрорӣ бештар аст
16:42 14.08.2024 (Навсозишуда: 11:18 15.08.2024) Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба сокинон тавсия дод, ки бар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро интихоб намоянд
ДУШАНБЕ, 14авг — Sputnik. Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бар он аст, ки агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд.
Раиси Шурои уламои назари худро дар ин бора дар ҳамоиши матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ахиран дар шаҳри Душанбе вобаста ба муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни кишвар "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" баргузор шуд, изҳори назар кард.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масъалаи ҳаҷи такрорӣ ва маъракаҳои баъди умра ва ҳаҷ изҳор кард, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад.
"Агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд", - таъкид кард Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Оқои Абдуқодирзода таъкид кард, ки дар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст.
“Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва давомноктар мебошад. Воқеан, ҳар кори нек дар пешгоҳи Худованд савоби даҳчанд дорад. Чунонки дар ояти 160-уми сураи "Анъом" омадааст: "Ҳар касе некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли равон арзиши ҳаҷ барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ буд.
Ин дар ҳолест, ки соли қабл нархи ҳаҷ 59 ва соли 2022 ҳудуди 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.
Имсол Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Тибқи иттилои расмӣ соли равон беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имсол барои адои маносики ҳаҷ сафар карданд.