ИМА кумаки низомӣ ба Украинаро қатъ кард

© AP / Matt Rourke155-мм артиллерийские снаряды M795 на заводе армейских боеприпасов Scranton в Скрантоне, Пенсильвания
155-мм артиллерийские снаряды M795 на заводе армейских боеприпасов Scranton в Скрантоне, Пенсильвания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Обуна шудан
Қаблан дар пайи баҳс бо Владимир Зеленский, президенти ИМА Доналд Трамп ба мақомоти амниятии миллӣ амр дод, то интиқоли силоҳ ба Украина бознигарӣ шавад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп тасмим гирифт, кӯмаки низомиро ба Украина мутаваққиф кунад.
Дар ин бора намояндаи Кохи сафед хабар дод, менависад РИА Новости.
"Президент возеҳ гуфт, ки ӯ ҷонибдори сулҳ аст.Ба мо зарур аст, то шарикони мо низ ба ин ҳадаф содиқ бошанд... Мо таваққуф мекунем ва бознигарӣ мекунем, то кумакҳои худро мутаваққиф кунем, то боварӣ ҳосил кунем, ки он тағирот ворид мекунад", - омадааст дар изҳорот.
Қаблан Fox News бо такя ба як мақоми баландпояи Кохи сафед хабар дода буд, ки Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро мутаваққиф мекунад, то замоне, ки Трамп тасмим гирифт, ки Киев ба музокироти сулҳ содиқ нест.
Бино ба иттилои Bloomberg, ҳама интиқоли таҷҳизоти низомии амрикоӣ, ки ҳоло дар қаламрави Украина нест, аз ҷумла аслиҳа дар транзити ҳавопаймоҳо ва киштиҳо ва инчунин дар минтақаҳои транзитӣ дар Лаҳистон боздошта мешавад.
Дональд Трамп выступает во время митинга в Каунсил-Блафс, штат Айова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Трамп фармон дод, ки интиқоли силоҳ ба Украина бознигарӣ шавад
Ёдовар мешавем, қаблан дар пайи баҳс бо Владимир Зеленский, президенти ИМА Доналд Трамп ба мақомоти амниятии миллӣ амр дод, тафтиш кунанд, ки оё Вашингтон метавонад интиқоли силоҳ ба Украинаро муваққатан ё комилан қатъ кунад.
Трамп ва Зеленский рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Вашингтон мулоқот карданд ва он ба як баҳси шадид табдил ёфт.
Тибқи иттилои Fox News, Трамп Зеленскийро пас аз муноқиша, ки дар он раҳбари Амрико беэҳтиромӣ нисбати худ ҳис кард, Зеленскийро аз Кохи сафед "ронд".
Имзои созишномаи металлҳои нодир низ бекор карда шуд. Трамп гуфт, ки хоҳиши Зеленскийро барои ҳалли низоъ бо Русия намебинад.
Лентаи хабарҳо
0