Трамп фармон дод, ки интиқоли силоҳ ба Украина бознигарӣ шавад

© AP / Charlie RiedelДональд Трамп выступает во время митинга в Каунсил-Блафс, штат Айова
Дональд Трамп выступает во время митинга в Каунсил-Блафс, штат Айова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Амрико ба мақомотҳои марбута супориш дод, тафтиш кунанд, ки оё ИМА метавонад интиқоли силоҳ ба Украинаро қатъ кунад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар пайи баҳс бо Владимир Зеленский, президенти ИМА Доналд Трамп ба мақомоти амниятии миллӣ амр дод, тафтиш кунанд, ки оё Вашингтон метавонад интиқоли силоҳ ба Украинаро муваққатан ё комилан қатъ кунад, менависад Wall Street Journal.
Қаблан нашрияи Washington Post хабар дода буд, ки маъмурияти Трамп дар пайи муноқишаи ӯ бо Владимир Зеленский дар Кохи сафед дар бораи қатъи интиқоли ҳама гуна кумакҳои низомии ҷорӣ ба Украина баррасӣ мекунад.
"Пас аз мулоқоти баҳсбарангез, Трамп ба мақомоти баландпояи амнияти миллии худ амр дод, ки тафтиш кунанд, ки оё Иёлоти Муттаҳида метавонад фурӯши ҷории силоҳ ба Украинаро муваққатан ё ба таври доимӣ қатъ кунад", - омадааст дар гузориш бо истинод ба як мақоми амрикоӣ.
Тавре ки рӯзнома бо истинод ба мушовири Трамп қайд мекунад, раҳбари Амрико ҳоло ният дорад, ки амали минбаъдаи Зеленскийро интизор шавад.
Трамп ва Зеленский рӯзи ҷумъа дар Вашингтон мулоқот карданд ва он ба як баҳси шадид табдил ёфт.
Украинские военные эвакуируют раненого. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
“Фалокати артиш": ИМА талафоти Украинаро дар минтақаи амалиёти вижа расонаӣ карданд
Тибқи иттилои Fox News, Трамп Зеленскийро пас аз муноқиша, ки дар он раҳбари Амрико беэҳтиромӣ нисбати худ ҳис кард, Зеленскийро аз Кохи сафед "ронд".
Имзои созишномаи металлҳои нодир низ бекор карда шуд. Трамп гуфт, ки хоҳиши Зеленскийро барои ҳалли низоъ бо Русия намебинад.
Лентаи хабарҳо
0