Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад

Нозирони хориҷӣ ҷараёни интихоботро дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд

© SputnikГолосование на выборах в парламент Таджикистана
Голосование на выборах в парламент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Вакилони парлумони Русия ва Беларус бо омодагии ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҷараёни овоздиҳӣ шинос шуда, таваҷҷӯҳро ба вижагиҳои интихобот дар ҷумҳурӣ ҷалб намуданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ дар ҷумҳуриро баргузоршуда эълон кард.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, то нимаи рӯзи овоздиҳӣ шумори раъйдиҳандагон дар ҳамаи 3513 ҳавзаҳои интихоботӣ 59% ташкил дод.
Тавре интизор мерафт, дар интихобот Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон пирӯз шуд. Ин ҳизб дар интихобот 51,9% раъйро ба даст овард.
Омодагӣ ва рафти овоздиҳиро аксари нозирони хориҷӣ, аз ҷумла вакилони Ассамблеяи порлумонии Иттиҳоди Беларусу Русия, таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, таассуроти худро аз интихобот ба Sputnik Тоҷикистон иброз доштанд.
"Бо раиси КМИР низ мулоқот доштем, маводи пешниҳодшударо бодиққат омӯхтем ва гуфта метавонам, ки тамоми омодагӣ ҳам ба қонунгузории Тоҷикистон ва ҳам ба конвенсияи ИДМ дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, саволе ҳам ба миён намеояд", - гуфт Наталя Никонорова, узви Кумитаи Шӯрои Федератсия дар умури байналмилалӣ.
Эмомали Рахмон проголосовал на выборах в парламент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Ҳизби Раҳмон пирӯз шуд: Натиҷаи пешакии интихоботи парлумони Тоҷикистон маълум шуд
Ба гуфтаи вай, ба шаҳрвандон дар бораи номзадҳо ва тартиби овоздиҳӣ маълумоти зиёд дода шуд.
Дар робита ба вижагиҳои интихоботи кунунӣ Наталя Никонорова суханони муовини раиси порлумон Маҳмадалӣ Ватанзодаро дар бораи ширкати бештари занон дар интихобот нисбат ба солҳои қаблӣ тасдиқ кард.
"Ман аз он мутаассир шудам, ки занони Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд, зеро 30% дар феҳристи вакилон барои аҳзоб фоизи хеле баланд аст", - таъкид кард ӯ.
Нозири дигар, раиси Комиссияи амният ва дифоъ дар Ассамблеяи порлумонии Русия ва Беларус Геннадий Лепешко низ омодагии баланди комиссияҳои интихоботӣ дар қитъаҳои интихоботӣ, дастрас будани тартиби овоздиҳии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ва иштироки фаъолонаи ҷавононро дар овоздиҳӣ таъкид кард.
"Мо чанд ҳавзаи интихоботӣ дар Душанбе, Норак ва Ҳисорро санҷидем ва гуфта метавонам, ки ҳама дар сатҳи хеле баланд ташкил карда шуд, корҳои омодагӣ ва таблиғотӣ хуб сурат гирифт. Ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ сари вақт ифтитоҳ шуданд ва аллакай ҳангоми сафари мо, тақрибан соати 11:00 ҳудуди 30% интихобкунандагон овоз доданд. Боиси хушнудист, ки то ҷавонон дар интихоботи фаъолона ширкат доштанд", - таъкид кард вай.
Очередь в посольство в Москве для голосования - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 март дар Тоҷикистон аз соати 06:00 то 20:00 ҳавзаҳои интихоботӣ ифтитоҳ шуданд, ки дар онҳо вакилони порлумон ва мақомоти маҳаллӣ интихоб шуданд.
Ба палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон 63 нафар депутат интихоб шуд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Дар маҷмӯъ дар кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва беш аз 3500 қитъаи интихоботӣ таъсис ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0