https://sputnik.tj/20250302/navbat-saforat-ishtiroki-muhojiron-tojik-intikhobot-parlumoni-1066417548.html
Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ
Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикони муқими Масва ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихоботи парлумонии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунанд
2025-03-02T14:52+0500
2025-03-02T14:52+0500
2025-03-02T14:52+0500
интихоботи парлумонӣ дар тоҷикистон-2025
дар тоҷикистон
сиёсат
интихобот
интихоботи парлумонӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/02/1066415938_344:210:2530:1439_1920x0_80_0_0_d97a6b4a6d219d28cd9729dfc39bfba3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав барои овоздиҳӣ дар интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии қонунгузор навбатпоӣ шуд. Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мардум субҳи барвақт барои овоздиҳӣ омаданд ва барои ин онҳоро зарур омад, ки навбат поянд.Гуфта мешавад, ки тоҷикон дар интихоботи порлумонӣ фаъолона ширкат мекунанд ва пайваста дар сафорати Маскав афроди наве, ки мехоҳанд овоз диҳанд, ҳозир мешаванд.Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, метавонанд дар намояндагиҳои хориҷии ҷумҳурӣ овоз диҳанд.Аз ҷумла, 39 қитъаи интихоботӣ дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 30 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад. Дар қаламрави Русия барои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ боз аст. Қобили зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб мешавад. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҷараёни интихоботи парлумониро 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/02/1066415938_589:402:1953:1425_1920x0_80_0_0_a2b4c9a4ce50095bed4a6e254bebc2ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навбат сафорат иштирок фаъол муҳоҷирон тоҷик интихобот парлумон
навбат сафорат иштирок фаъол муҳоҷирон тоҷик интихобот парлумон
Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ
Тоҷикони муқими Масва ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихоботи парлумонии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав барои овоздиҳӣ дар интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии қонунгузор навбатпоӣ шуд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мардум субҳи барвақт барои овоздиҳӣ омаданд ва барои ин онҳоро зарур омад, ки навбат поянд.
Гуфта мешавад, ки тоҷикон дар интихоботи порлумонӣ фаъолона ширкат мекунанд ва пайваста дар сафорати Маскав афроди наве, ки мехоҳанд овоз диҳанд, ҳозир мешаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, метавонанд дар намояндагиҳои хориҷии ҷумҳурӣ овоз диҳанд.
Аз ҷумла, 39 қитъаи интихоботӣ дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 30 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад.
Дар қаламрави Русия барои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ боз аст.
Қобили зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб мешавад.
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҷараёни интихоботи парлумониро 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.