Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад

Нозирони ИДМ ва СҲШ интихоботи парлумонии Тоҷикистонро демократӣ ва шаффоф донистанд

© Foto / Исполком СНГПресс-конференция, посвященная итогам мониторинга подготовки и проведения выборов в парламент Таджикистана
Пресс-конференция, посвященная итогам мониторинга подготовки и проведения выборов в парламент Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Обуна шудан
Ҳайати нозирони байналмилалӣ интихоботи баргузоршудаи парлумонии Тоҷикистонро демокративу шаффоф эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳайати нозирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) интихоботи порлумонии Тоҷикистонро, ки рӯзи 2 март баргузор шуд, шаффоф ва демократӣ донист.
Дар ин бора раиси ҳайати нозирони СҲШ, муовини дабири кулли ин созмон Пиао Янфан дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Ҳайат интихоботи гузаштаро шаффоф, эътимодбахш ва демократӣ эътироф мекунад", - гуфт ӯ.
Пиао Янфан кайд намуд, ки рафти интихобот ба қонунгузории миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ мувофик аст.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳайат ягон қонуншикание, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, сабт накардааст.
Раҳбари намояндагӣ тавзеҳ дод, ки ба ҳайати нозирони СҲШ 18 нафар шомиланд, ки аз 27 феврал ба кор шурӯъ кардаанд.
Эмомали Рахмон проголосовал на выборах в парламент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Ҳизби Раҳмон пирӯз шуд: Натиҷаи пешакии интихоботи парлумони Тоҷикистон маълум шуд
"Барои ба даст овардани тасаввурот дар бораи ҷараёни интихобот аъзои ҳайат дар 116 ҳавзаи интихоботии шаҳрҳои ҷумҳурӣ, аз қабили Душанбе, Норак, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоботро мушоҳида карданд", - шарҳ дод вай.
Дар ҳамин ҳол, ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон карданд, ки дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ягон қонуншиканиро ошкор накардаанд.
Раиси ҳайати нозирони ИДМ, муовини аввали дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳайти ИДМ ягон қонуншикание, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, муайян накард.
Анфимов қайд кард, ки овоздиҳӣ дар интихобот дар вазъияти ором ва дар сатҳи олӣ баргузор шуд.
"Рӯзи 2 март миссияи нозирони ИДМ аз 887 ҳавзаи интихоботии тамоми манотиқи кишвар дидан кард", - гуфт ӯ.
Роҳбари намояндагӣ қайд кард, ки даҳ нафар намояндагони миссия аз аввали моҳи феврал рафти омодагӣ ва ҷараёни интихоботро мушоҳида намуда, бо намояндагони мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, ки ба масъалаҳои ташкилии омодагӣ ва гузаронидани ҷараёни интихобот масъуланд, мулоқот намуданд.
Голосование на выборах в парламент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2025
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Нозирони хориҷӣ ҷараёни интихоботро дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар интихобот 85,3% интихобкунандагон ширкат намуданд.
Аз 5,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доштанд, беш аз 4,7 миллион нафар раъй додаанд.
Лентаи хабарҳо
0