https://sputnik.tj/20250302/zakharova-zelenskiy-tahdid-tamomi-jahon-ast-1066413260.html
Захарова: Зеленский таҳдид ба тамоми ҷаҳон аст
Захарова: Зеленский таҳдид ба тамоми ҷаҳон аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Зеленский барои нигоҳ доштани қудрат мухолифинро нест кард ва миллионҳо шаҳрвандонро ба марги мефиристад 02.03.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-03-02T10:59+0500
2025-03-02T10:59+0500
2025-03-01T23:14+0500
русия
мария захарова
владимир зеленский
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/14/1064407019_0:56:3056:1775_1920x0_80_0_0_b92742c032a1736c7c64b6a12c488459.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Владимир Зеленский бо рафтори зиштонаи худ дар Вашингтон тасдиқ кард, ки ӯ барои тамоми ҷаҳон ҳамчун як барангезандаи ҷанг таҳдид мекунад. Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори назар кард.Захарова ёдовар шуд, ки ҷониби Русия борҳо изҳор доштааст, ки Зеленский фасодкор аст ва ӯ қодир нест, ки ба созиш бирасанд."Зеленский бо рафтори бераҳмонаи худ дар Вашингтон тасдиқ кард, ки хатари бузург барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори бемасъулияти ҷанги бузург аст”, - таъкид кард Захарова ва қайд кард, ки ҳама бояд инро дарк кунанд. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Зеленский барои нигоҳ доштани қудрати ғасбшуда мухолифинро несту нобуд кард, давлати тоталитарӣ бунёд кард ва миллионҳо шаҳрвандонро ба марг мефиристад. Мулоқоти Владимир Зеленский ва президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта дар Кохи сафед баргузор шуд. Сӯҳбат ногаҳон ба баҳси оммавӣ байни Зеленский, Трамп ва ноиби президент Ҷ.Д.Вэнс табдил ёфт.Имзои созишномаи металҳои нодир, ки барои он Зеленский ба Вашингтон парвоз кард, лағв шуд. Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, Трамп Зеленскийро аз Кохи сафед рондааст.
https://sputnik.tj/20250301/tramp-putin-sulh-zelenskiy-khostor-idoma-jang-1066405550.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/14/1064407019_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_b04c75dcd0399886f58f7dc5b589850a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, мария захарова, владимир зеленский, сиёсат
русия, мария захарова, владимир зеленский, сиёсат
Захарова: Зеленский таҳдид ба тамоми ҷаҳон аст
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Зеленский барои нигоҳ доштани қудрат мухолифинро нест кард ва миллионҳо шаҳрвандонро ба марги мефиристад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Владимир Зеленский бо рафтори зиштонаи худ дар Вашингтон тасдиқ кард, ки ӯ барои тамоми ҷаҳон ҳамчун як барангезандаи ҷанг таҳдид мекунад.
Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори назар кард.
"Сафари раҳбари режими неонасистӣ В.Зеленский ба Вашингтон дар рӯзи 28 феврал як шикасти комилан сиёсӣ ва дипломатии режими Киев аст", - афзудааст ӯ.
Захарова ёдовар шуд, ки ҷониби Русия борҳо изҳор доштааст, ки Зеленский фасодкор аст ва ӯ қодир нест, ки ба созиш бирасанд.
"Зеленский бо рафтори бераҳмонаи худ дар Вашингтон тасдиқ кард, ки хатари бузург барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори бемасъулияти ҷанги бузург аст”, - таъкид кард Захарова ва қайд кард, ки ҳама бояд инро дарк кунанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки Зеленский барои нигоҳ доштани қудрати ғасбшуда мухолифинро несту нобуд кард, давлати тоталитарӣ бунёд кард ва миллионҳо шаҳрвандонро ба марг мефиристад.
Мулоқоти Владимир Зеленский ва президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта дар Кохи сафед баргузор шуд.
Сӯҳбат ногаҳон ба баҳси оммавӣ байни Зеленский, Трамп ва ноиби президент Ҷ.Д.Вэнс табдил ёфт.
Имзои созишномаи металҳои нодир, ки барои он Зеленский ба Вашингтон парвоз кард, лағв шуд. Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, Трамп Зеленскийро аз Кохи сафед рондааст.