Трамп: Путин сулҳ мехоҳад, аммо Зеленский хостори идомаи ҷанг аст

© AP / Evan VucciПрезидент Дональд Трамп общается с журналистами во время подписания указов в Овальном кабинете Белого дома во вторник, 4 февраля 2025, в Вашингтоне.
Президент Дональд Трамп общается с журналистами во время подписания указов в Овальном кабинете Белого дома во вторник, 4 февраля 2025, в Вашингтоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Обуна шудан
Мулоқоти кишвардори Амрико бо роҳбари режими Киев дар Кохи сафед бидуни натиҷа анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Владимир Зеленский мехоҳад ҷангро бо Русия идома диҳад, дар ҳоле ки ИМА ҷонибдори барқарор шудани сулҳ аст, хабар медиҳад РИА Новости.
Трамп дар Кохи Сафед дар шарҳи натоиҷи мулоқот бо Зеленский ба хабарнигорон гуфт:
"Мо ҷанги даҳсоларо намехоҳем. Мо сулҳро мехоҳем... ва ӯ мехоҳад муборизаро идома диҳад. Мо мехоҳем ба маргу мири одамон дар ин ҷанг хотима бахшем".
Вай таъкид кард, ки президенти Русия Владимир Путин бар хилофи Зеленский сулҳ мехоҳад.
Мулоқоти Трамп ва Зеленский рӯзи ҷумъа дар Вашингтон баргузор шуд ва бо ҷанҷол анҷом ёфт.
Владимир Зеленский во время встречи с министром иностранных дел Финляндии Элиной Валтонен в Киеве, Украина, в среду, 8 января 2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
Зеленский гуфт, ки омодааст, ба хотири сулҳ дар Украина истиеъфо диҳад, аммо шарт гузошт
Ба навиштаи Fox News, раҳбари Амрико роҳбари режими Украинаро пас аз беэҳтиромияш аз Кохи сафед пеш кард.
Имзои созишномаи металлҳои нодир миёни Амрико ва Украина бекор карда шуд.
Рӯзҳои ахир Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико алайҳи Владимир Зеленский як силсила изҳороти тунд дод.
Президент ӯро диктатор номид ва ба саркашӣ аз баргузории интихобот муттаҳам кард. Ба ақидаи ӯ, Зеленский мехоҳад муборизаро барои нигоҳ доштани даромад идома диҳад.
Мӯҳлати раёсати Зеленский 20 майи соли гузашта ба поён расид. Интихоботи президентии соли 2024 дар Украина бо баҳонаи вазъи ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв шуд. Раҳбари режими Киев изҳор дошт, ки овоздиҳӣ ҳоло бемаҳдуд аст.
Тавре Владимир Путин қайд кард, тибқи арзёбии пешакӣ, танҳо мақомоти қонунӣ дар Украина ҳоло парлумон ва раиси Рада мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, агар кишвари ҳамсоя мехост, ки раисиҷумҳурро қонунӣ интихоб кунад, он гоҳ қонуни вазъи ҳарбиро бояд лағв кунад: таъсири он маънои тамдиди натоиҷи интихоботи гузаштаро надорад, зеро дар ин бора дар конститутсия чизе гуфта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0