https://sputnik.tj/20250209/okhirin-sobiqador-jang-buzurg-vatan-mastchoh-darguzasht-1066160988.html
Охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ даргузашт
Охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Дар солҳои ҷанг нишонзани 17-сола Ҳотамбек Шокиров дар хатти ҷабҳа дар озод кардани Украина, Руминия, Чехословакия ва Маҷористон иштирок кардааст.
2025-02-09T16:35+0500
2025-02-09T16:35+0500
2025-02-10T13:50+0500
дар тоҷикистон
собиқадорони ҷбв
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/09/1066160454_0:110:853:590_1920x0_80_0_0_3124ff430d1f4249cc017a4f56063d40.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Мастчоҳ даргузашт. Дар ин бора нашрияи маҳаллии "Нигоҳи халқ" хабар додааст. Ҳотамбек Шокиров дар синни 99-солагӣ аз олам даргузашт.Солҳои ҷанг нишонзани 17-сола Ҳотамбек Шокиров дар хатти ҷабҳа дар озод кардани Украина, Руминия, Чехословакия ва Маҷористон иштирок кардааст.Ӯро дар охири соли 1943 ба сафи Артиши шӯравӣ даъват карда буданд. Пас аз таълим дар курсҳои махсуси ҳарбӣ ӯ ба Ростов ва баъдтар ба Сталинград фиристода шуд. Ҳотамбек Шокиров ба Олмон низ расидааст. Ӯ бо ҳамкасбонаш ҷони худро дар хатар гузошта, ғалабаи деринтизорашро наздик кард. Қаблан ин сарбози собиқадор ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи рӯйдодҳои он солҳои мудҳиш нақл карда буд."Соле, ки моро ба артиш даъват карданд, дигар ақибнишинӣ набуд. Мо шиор доштем, "Барои Ленин!" Барои Сталин!", — таҳти ҳамин шиор ба ҷанг даромадем", — ба хотир овард он вақт собиқадор.Ҳотамбек Шокиров, баъди бозгашт аз хизмати сарбозӣ 17 сол ба сифати афсар дар идораи пулис ва беш аз 20 соли дигар дар идораи сохтмонии колхоз дар ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолият кардааст.Қаблан Абдураҳмон Ҳалимзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба гуфтаи ӯ, 21 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Шумораи собиқадорони ақибгоҳ ба 140 нафар кам мерасад.
https://sputnik.tj/20240508/olmon-sobiqador-jang-buzurg-vatani-jabha-khotir-1062782661.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/09/1066160454_0:30:853:670_1920x0_80_0_0_cce99d07978f7bd1b2b2962ab6e1646c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
охирин собиқадор ҷанги бузурги ватанӣ мастчоҳ даргузашт
охирин собиқадор ҷанги бузурги ватанӣ мастчоҳ даргузашт
Охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ даргузашт
16:35 09.02.2025 (Навсозишуда: 13:50 10.02.2025) Дар солҳои ҷанг нишонзани 17-сола Ҳотамбек Шокиров дар хатти ҷабҳа дар озод кардани Украина, Руминия, Чехословакия ва Маҷористон иштирок кардааст.
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Мастчоҳ даргузашт.
Дар ин бора нашрияи маҳаллии "Нигоҳи халқ" хабар додааст.
Ҳотамбек Шокиров дар синни 99-солагӣ аз олам даргузашт.
Солҳои ҷанг нишонзани 17-сола Ҳотамбек Шокиров дар хатти ҷабҳа дар озод кардани Украина, Руминия, Чехословакия ва Маҷористон иштирок кардааст.
Ӯро дар охири соли 1943 ба сафи Артиши шӯравӣ даъват карда буданд.
Пас аз таълим дар курсҳои махсуси ҳарбӣ ӯ ба Ростов ва баъдтар ба Сталинград фиристода шуд.
Ҳотамбек Шокиров ба Олмон низ расидааст. Ӯ бо ҳамкасбонаш ҷони худро дар хатар гузошта, ғалабаи деринтизорашро наздик кард.
Қаблан ин сарбози собиқадор ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи рӯйдодҳои он солҳои мудҳиш нақл карда буд.
"Соле, ки моро ба артиш даъват карданд, дигар ақибнишинӣ набуд. Мо шиор доштем, "Барои Ленин!" Барои Сталин!", — таҳти ҳамин шиор ба ҷанг даромадем", — ба хотир овард он вақт собиқадор.
Ҳотамбек Шокиров, баъди бозгашт аз хизмати сарбозӣ 17 сол ба сифати афсар дар идораи пулис ва беш аз 20 соли дигар дар идораи сохтмонии колхоз дар ноҳияи Мастчоҳ кору фаъолият кардааст.
Қаблан Абдураҳмон Ҳалимзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, коҳиш ёфтааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба гуфтаи ӯ, 21 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Шумораи собиқадорони ақибгоҳ ба 140 нафар кам мерасад.