“Фалокати артиш": ИМА талафоти Украинаро дар минтақаи амалиёти вижа расонаӣ карданд

© AP / LIBKOSУкраинские военные эвакуируют раненого. Архивное фото
Украинские военные эвакуируют раненого. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2025
Обуна шудан
Коршиноси низомӣ собиқ мушовири вазорати дифои ИМА полковник Дуглас Макгрегор, гуфт Украина дар ҷанг беш аз як миллион нафарро аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Полковник Дуглас МакГрегор, мушовири собиқи Пентагон, дар шабакаи иҷтимоии X иддао дорад, ки теъдоди сарбозори украинӣ, ки дар ҷанг кушта шуданд, аз як миллион нафар гузаштааст.
"Дар ин ҷанг аз 1,2 то 1,5 миллион украинӣ кушта шуданд", - гуфт ӯ.
Афсари артиши Амрико инро фалокат номид ва даъват кард, ки созишномаи сулҳро ҳарчи зудтар имзо намоянд.
Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Украина хароб шуд ва миллионҳо нафар беҳуда кушта шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати собиқи ИМА дар симои Ҷо Байден барои ҳалли вазъ ҳеҷ талоше накарданд, дар ҳоле ки худи Трамп “дар бораи хатми низоъ бо Русия бомуваффақият гуфтушунид мекунад”.
Российский специалист изучает фрагменты ракет Storm Shadow  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: Бидуни силоҳ аз ИМА Украина метавонад шикаст хурад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати дифои Русия хабар дод, ки танҳо дар як самти вилояти Курск дар хати ҷабҳа артиши Украина 240 нафарро аз даст додааст.
Дар маҷмӯъ дар вилояти Курск артиши Украина аз рӯзи ҳамла ба ҳудуди Русия беш аз 64 ҳазор сарбозашро аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0