Работа подразделений ВДВ на южном направлении спецоперации - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Бидуни силоҳ аз ИМА Украина метавонад шикаст хурад

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкРоссийский специалист изучает фрагменты ракет Storm Shadow
Российский специалист изучает фрагменты ракет Storm Shadow  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2025
Обуна шудан
Рӯзномаи “Telegraph” навиштааст, ки Украина бидуни силоҳи ИМА хатари несту нобуд шуданро дорад
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар мақолае барои рӯзномаи бритониёии Telegraph Чарлӣ Купер, мушовири аршади вазорати адлия ва дифои ИМА, менависад, ки агар ИМА аз расонидани кӯмак ба Украина даст кашад, мушкилиҳо зиёд мешаванд ва Украина бидуни силоҳи амрикоӣ зери по хоҳад шуд.
Қаблан Wall Street Journal бо такя ба мақомоти феълӣ ва собиқи ғарб хабар дода буд, ки Киев метавонад танҳо то тобистон бидуни кумаки низомии ИМА амалиёти низомиро "бо суръати кунунӣ" анҷом диҳад ва баъд аз он нерӯҳои мусаллаҳи Украина хатари нобуд шудан доранд.
"Украина имрӯз бо як мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ аст. Муҷтамаъи низомии саноатии ИМА, ки аксар вақт аз ҷониби мухолифони хароҷоти баланди дифоъ ва сиёсатҳои мудохилагарӣ масхара мешавад, баъзе аз беҳтарин силоҳҳоро дар ҷаҳон истеҳсол мекунад... Бидуни инҳо (системаҳои дифои ҳавоии Patriot, мушакҳои дурпарвози АТАКМС - ред.) ва дигар навъҳои аслиҳаи ИМА Украина хатари нобуд шуданро доранд", - гуфта шудааст дар гузориш.
Қайд карда шудааст, ки ҳатто зиёд шудани кумак ба Киев аз дигар кишварҳои НАТО, аз чумла пул, тӯпҳо ва нақлиётҳои зирехпуш наметавонад, кӯмаки Амрикоро ҷуброн намоянд.
Работа батальонной тактической группы Каштана спецназа Ахмат в Курской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: Артиши Украина барои ақибнишинӣ аз қаламрави Курск омодагӣ мегиранд
Қаблан рӯзномаи Politico бо такя ба Бен Баррӣ, як корманди аршади Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Тадқиқоти Стратегик (IISS), навишт, ки Украина бидуни кумаки низомии Амрико тақрибан нисфи аслиҳаҳояш, аз ҷумла муассиртарин силоҳҳоро аз даст медиҳад.
Вазири корхои хоричии Литва Кестутис Будрис кайд кард, ки Аврупо ҳануз баъзе аслиҳаи Амрико, масалан, лавозимоти низомии дурпарвозро иваз карда наметавонад.
Русия мӯътақид аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба муноқиша ҷалб мекунад ва "бо оташ бозӣ мекунанд". Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар силоҳе, ки ба Украина дода мешавад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, ИМА ва НАТО дар низоъ мустақиман ширкат доранд, аз ҷумла на танҳо бо таъмини силоҳ, балки ҳамчунин бо омӯзиши кадрҳо дар Бритониё, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо. Кремл изҳор дошт, ки Ғарб ба Украина силоҳ ворид мекунад, ба музокирот мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0