Зеленский гуфт, ки омодааст, ба хотири сулҳ дар Украина истиеъфо диҳад, аммо шарт гузошт

© AP / Efrem LukatskyВладимир Зеленский во время встречи с министром иностранных дел Финляндии Элиной Валтонен в Киеве, Украина, в среду, 8 января 2025
Владимир Зеленский во время встречи с министром иностранных дел Финляндии Элиной Валтонен в Киеве, Украина, в среду, 8 января 2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
Обуна шудан
Муҳлати истифодаи Владимир Зеленский барои Ғарб тамом шудааст ва дар асл ҳама бояд ин дарсро омӯзанд, бовар дорад сиёсатмадори турк Догу Перинчек
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Владимир Зеленский гуфт, ки омода аст, ба хотири сулҳ дар Украина ё дар ивази узвият дар НАТО мақомашро тарк кунад.
Ӯ дар ин бора зимни як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт.
"Агар сулҳ барои Украина ва ба шумо дар ҳақиқат лозим бошад, ки ман аз мақом канор равам, ин корро мекунам. Инро бар ивази (узвият дар) НАТО омодаам, ки кунам, агар чунин шароит бошад",- гуфт ӯ.
Дар пайи ин гуфтаҳои раисҷумҳури Украина дар конгресси ИМА ӯро ба истеъфо даъват карданд.
Пешниҳоди дахлдорро аъзои конгресс Марҷори Тейлор Грин баён кард
"Зеленский гуфт, ки ба хотири сулҳ ва узвият дар НАТО истеъфо медиҳад. Диктатори кӯчак бояд истеъфо диҳад ва ба Украина иҷоза диҳад, ки интихоботи озоду одилона баргузор кунад. Мо дигар барои ҷанги онҳоро пардохт намекунем",- навиштааст вай.
Рӯзҳои ахир Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико алайҳи Владимир Зеленский як силсила изҳороти тунд дод.
Дар пайи танишҳои пинҳони Вашингтону ИА ва Украина дабири кулли Ҳизби Vatan-и Туркия Догу Перинчек мегӯяд муҳлати истифодаи Владимир Зеленский барои Ғарб тамом шудааст ва дар асл ҳама бояд ин дарсро омӯзанд.
"Режими Киев барои Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида ба охир расид. Инро конфронси амниятии Мюнхен ва изҳороти ахири Трамп нишон дод. Зеленский дигар корношоям аст, вай боз як мисоли сиёсати Ғарб аст: “истифода бар парто”. Аз ин ҳама бояд дарси ибрат бигиранд",- гуфт сиёсатмадори турк дар суҳбат ба РИА "Новости".
Президент Дональд Трамп общается с журналистами во время подписания указов в Овальном кабинете Белого дома во вторник, 4 февраля 2025, в Вашингтоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Левит: Трамп ба созиши хатми низоъ дар Украина дар ин ҳафта итминон дорад
Президент ӯро диктатор номид ва ба саркашӣ аз баргузории интихобот муттаҳам кард. Ба ақидаи ӯ, Зеленский мехоҳад муборизаро барои нигоҳ доштани даромад идома диҳад.
Мӯҳлати раёсати Зеленский 20 майи соли гузашта ба поён расид. Интихоботи президентии соли 2024 дар Украина бо баҳонаи вазъи ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв шуд. Раҳбари режими Киев изҳор дошт, ки овоздиҳӣ ҳоло бемаҳдуд аст.
Тавре Владимир Путин қайд кард, тибқи арзёбии пешакӣ, танҳо мақомоти қонунӣ дар Украина ҳоло парлумон ва раиси Рада мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, агар кишвари ҳамсоя мехост, ки раисиҷумҳурро қонунӣ интихоб кунад, он гоҳ қонуни вазъи ҳарбиро бояд лағв кунад: таъсири он маънои тамдиди натоиҷи интихоботи гузаштаро надорад, зеро дар ин бора дар конститутсия чизе гуфта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0