Левит: Трамп ба созиши хатми низоъ дар Украина дар ин ҳафта итминон дорад

© AP / Evan VucciПрезидент Дональд Трамп общается с журналистами во время подписания указов в Овальном кабинете Белого дома во вторник, 4 февраля 2025, в Вашингтоне.
Президент Дональд Трамп общается с журналистами во время подписания указов в Овальном кабинете Белого дома во вторник, 4 февраля 2025, в Вашингтоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Амрико, Трамп сулҳро меҷӯяд ва мехоҳад, ки кушторҳо қатъ шаванд ва одамони бегуноҳ дигар намиранд.
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Президенти Има Доналд Трамп итминон дорад, ки созишномаҳо барои хотима додан ба низоъ дар Украинаро имкони дар ин ҳафта ба даст оварданаш ҳаст.
Дар ин бора сухангӯи Кохи Сафед Каролин Левит изҳор дошт.
"Президент ва тими ӯ ба гуфтушунид бо ҳарду ҷониб барои хотима додан ба ин муноқиша тамаркуз мекунанд ва ӯ боварии комил дорад, ки метавонем ин ҳафта ба ин ноил шавем",- гуфт ӯ.
Сухангӯи маъмурият илова кард, ки Вашингтон талошҳои фаъоли дипломатиро идома медиҳад ва мушовири амнияти миллӣ Майк Уолтс ҳатто дар ин рӯзҳои истироҳат барои ба даст овардани созиш ва хотима ёфтани низоъ шабонарӯзӣ кор мекунад.
Ба гуфтаи Левит, Трамп сулҳро меҷӯяд ва мехоҳад, ки кушторҳо қатъ шаванд ва одамони бегуноҳ дигар намиранд.
"Ин ҳадафи асосии ӯ дар ҳоли ҳозир аст",- гуфт вай.
Дар посух ба суоли мулоқоти эҳтимолии президентҳои Русия ва ИМА, вай изҳор дошт, ки то ҳол наметавонад чизе эълон кунад ё мушаххас кунад, аммо қайд кард, ки Кохи Сафед гуфтушунидҳоро бо ҳарду ҷониб идома медиҳад.
Изҳороти Лавров дар бораи натиҷаҳои музокирот оид ба Украина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2025
Русия ва ИМА дар Риёз чӣ тавофуқ карданд? Изҳороти асосӣ – видео
Рӯзи 18 феврал дар Риёз музокироти намояндагони сатҳи баланди Русия ва Амрико баргузор шуд.
Дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои пурра барқарор кардани ҳамкории дуҷониба шароит фароҳам оранд, маҳдудиятҳоро дар кори сафоратхонаҳо бартараф кунанд ва раванди ҳалли буҳрони Украина оғоз кунанд.
Президент Владимир Путин гуфтушунидҳоро баланд арзебӣ кард ва қайд кард, ки аз он натиҷа ҳаст.
Бино ба иттилои расонаҳо, қарор аст, ки ҳайатҳои кишварҳо бори дигар дар АМА рӯзи 25 феврал мулоқот кунанд.
Лентаи хабарҳо
0