Уфти рублу доллар ва болоравии евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
Обуна шудан
Бар асоси додаҳои нави БМ дар Тоҷикистон, қимати пули русӣ нисбат ба нишондодҳои охири ҳафтаи қаблӣ 1,4 сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1724 фев — Sputnik. Қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 122,1 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 123,5 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме поин шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9526 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9457 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ боло рафта, ҳар евро 11,4645 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,4345 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари гуфтушунидҳои Русия ва ИМА дар бораи анҷоми низоъи Украина, рубл нисбат ба сомонӣ умуман дар ҳоли болоравист.
Асъорӣ русӣ тайи ҳафтаи гузашта ба нишондиҳандаҳои моҳи июли соли 2024 расид.
Денежные купюры и смартфон, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
“Имконнопазир аст”: Бонки миллӣ дар бораи маболиғи муҳоҷирин
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0