“Имконнопазир аст”: Бонки миллӣ дар бораи маболиғи муҳоҷирин

© Sputnik Денежные купюры и смартфон, архивное фото
Денежные купюры и смартфон, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои номаълумии арқоми мушаххас дар бораи интиқоли маболиғ аз сӯи муҳоҷирини меҳнатиро шаҳр дод
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Чанд сол ба ин сӯ арқом эълон намешаванд, ки мӯҷиби ҳадсу гумонҳо ва сӯитафоҳумҳо шудааст.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар шарҳи ин мавзуъ, ки аз сӯи Sputnik Тоҷикистон матраҳ шуд, гуфт, дақиқ ҳисобу китоб нашудани маболиғи интиқолии муҳоҷирин ба як қатор воқеиятҳои ҷадиде марбут аст, ки ҳоло низоми бонкӣ ба он рӯбарӯст, аз ҷумла агар қаблан муҳоҷирин мушаххасан тариқи бонкҳои мушаххас ба кишвар маблағ мефиристоданд, ҳоло ин корро ҳам тариқи бонкҳо, ҳам кортҳо ва ҳам ҳамёнҳову дигар василаҳо анҷом медиҳанд.
“Агар шахс пули худро аз хориҷа ба Тоҷикистон интиқол дода, худ омада дар Тоҷикистон онро гирад, интиқол маҳсуб мешавад? Агар нафар муҳоҷир нест ва барои таҳсил, кӯмак, музди меҳнат ва ё ба дигар мақсадҳо маблағ мефиристад, ин ҳамаро метавон ба интиқолоти муҳоҷирини меҳнатӣ дохил кард? Ва ин ҳама маблағ тариқи кортҳо, ҳамёнҳо ва ғайра ба чанд бонк сурат мегирад”, - гуфт Фирдавс Толибзода.
Вай афзуд, маболиғи бузурге аз сӯи соҳибкорон низ аз ин роҳҳо аз хориҷ, бахусус, Русия ворид мешавад, ки имкони фаро гирифтан, таҳлилу таҷзияи маълумот дар бораи маболиғ, ки чӣ миқдор ба муҳоҷирин меҳнатӣ тааллуқ дорад ва чӣ қадар ба афроди дигар, вуҷуд надорад.
“Аз ин хотир, вақте имкони ҳисобу китоб ва табақабандии маболиғ вуҷуд надорад, мо ҳам наметавонем рақами мушаххасро эълон кунем”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд сол ба ин сӯ мақомоти Тоҷикистон, қабл аз ҳама Бонки миллии ин кишвар, рақами мушаххасеро дар бораи маболиғи интиқолии муҳоҷирини меҳнатӣ ироа намекарданд ва ин гуна сӯитафоҳумҳо низ ба вуҷуд омада буданд, ки ҳукумат амдан ин рақамро эълон намекунад, ҳатто онро сирри давлатӣ арзёбӣ мекунад.
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Муҳриддин: Тоҷикистон чораҳои Русия дар бахши муҳоҷиратро зери шубҳа намегузорад
Фирдавс Толибзода гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ чунин буда наметавонад, чун вақте мушкил маълум аст, аз сирри давлатӣ ё амдан эълон накардани он гуфтан дуруст нест.
“Мушкилот, ки ҳаст, яъне маълумоти зиёд дар гардиш аст, таҳлилу таҷзияи онҳо имконнопазир аст. Мавзуъи сирри давлатӣ эълон кардани ин ё он маълумот дар салоҳияти мо нест, дар салоҳияти ҳукумати ҷумҳурӣ аст”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳаҷми маблағи муҳоҷирини меҳнатӣ солҳо қабл ба як гуна мавзуъи сиёсӣ ва таблиғот алайҳи ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта буд. Маъмулан арқоми миллиардии интиқолоти маболиғи муҳоҷирин аз Русия эълон ва дар пайи он иддао мешуд, ки иқтисоди Тоҷикистон бар пояи онҳо устувор аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2024 ба 1 миллиарду 981 миллиону 810,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 714 миллиону 999,1) ҳазор доллар баробар шудааст, ки 266 миллиону 811,2 ҳазор доллар ё 15,6% афзойишро нишон медиҳад.
Бо рӯйи кор омадани василаҳо, аз қабили картаву ҳамёнҳо, интиқоли маболиғи тиҷоратӣ низ умдатан тариқи онҳо сурат мегирад, ки тавре ниҳоди масъул мегӯяд, дигар таҳлилу таҷзия ва ҳисобу китоби маболиғи муҳоҷирин имконнопазир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0