https://sputnik.tj/20250223/vorukh-kumak-tojikistoniyon-rusiya-amaliyot-vizhai-nizomi-1066331024.html
“Ворух” канор намонд: Кӯмаки тоҷикистониёни Русия ба амалиёти вижаи низомӣ
“Ворух” канор намонд: Кӯмаки тоҷикистониёни Русия ба амалиёти вижаи низомӣ
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи феврали соли 2022 бо оғоз шудани амалиёти вижаи низомӣ дар Украина зодагони Тоҷикистон низ дар канор намонданд
2025-02-23T10:26+0500
2025-02-23T10:26+0500
2025-02-23T16:10+0500
дар тоҷикистон
ворух
тоҷикон
амалиёти вижа
украина
ҷамъияти тоҷикон
новосибирск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063642273_0:0:3108:1748_1920x0_80_0_0_8ddbf267eeb2814db21af710ac6973e2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Қариб аз рӯзҳои аввали амалиёти вижа ҷамъияти тоҷикони Новосибирск ба сарбозони рус дар ҷабҳа бо ҷамъоварии маблағ, фиристодани таҷҳизоти махсус ва шириниҳои шарқӣ кӯмак мерасонад.Сарбозон дар навбати худ борҳо ба "бародарони тоҷик"-и худ миннатдорй баён карда, аз хати ҷабҳа сипосномаҳои видеоӣ мефиристоданд.Чаро муҳим аст, ки мардуми Русия ва Тоҷикистон дар мубориза барои осмони осоишта якҷо бошанд ва аз ҳамдигар пуштибонӣ кунанд, - дар ин бора Илҳом Шомирсаидов, намояндаи ҷамъияти “Ворух”-и Новосибирск ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард"Ин ҳам Ватани мост"Илҳом Шомирсаидов аслан зодаи Ворухи вилояти Суғд аст. Ӯ ҳанӯз соли 1994 ба Новосибирск кӯчид, ҷои кор пайдо кард ва дар он ҷо зиндагӣ мекунад.Ман дӯстон, аз ҷумла ҳамватанон пайдо кардам. Маҳз бо онҳо ӯ барои анҷоми кори хайр, - кӯмак ба сарбозон дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ муттаҳид шуд.Илҳом таъкид мекунад, ки онҳо дар канор мондан натавонистанд."Мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, мо ин ҷоро ҳам ватани худ мешуморем. Фарзандони мо дар ин ҷо таваллуд шудаанд, дар ин ҷо ба воя расидаанд ва дар ҳамин ҷо мехонанд. Ин вазифаи мост, барои ҳамин мо ҳам дастгирӣ мекунем, - мегӯяд ӯ.Ҳамаи аъзоёни ҷамъият шаҳрвандони Русия мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо Маркази сибирии ёрии равониву ҳуқуқӣ ба собиқадорон ва иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ борҳо маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба хати ҷабҳа таҷҳизоти махсус ва ҳатто шириниҳои шарқӣ фиристодаанд. Ва аз он тараф ҳатман посух мегирифтанд:"Мо ба дустони худ аз деҳаи Ворухи Тоҷикистон, ки дар Новосибирск зиндагй мекунанд, миннатдорӣ баён мекунем. Ҳамчун дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, онҳо бо мо китф ба китф буданд ва ба мо барои ба даст овардани ғалаба бар фашизм кӯмак мекарданд", - мегӯянд аскарони рус дар навори видеоӣ аз минтақаи амалиёти вижаи низомӣ.Ва чунин видеоҳо зиёданд. Илҳом иқрор мешавад, ки ҳамаи аъзоёни ҷамъият, албатта, онҳоро тамошо карданд. Чанд нафар аз дӯстон ва хешовандони ӯ низ дар амалиёти вижа қарор доранд.Дар ҷабҳа Илҳом дӯстонашро аз даст додааст. Ӯ ба аёдати хонаводаи онҳо меравад ва фоҷиаро барои худ чун сарнавишт медонад.Мисоли хуб гузаранда астДар ҷамъияти “Ворух” умедворанд, ки дигар халқҳои муқими Русия низ дар канор нахоҳанд монд.Шояд ин мардумро водор созад, ки дар чунин як давраи муҳим аз кишвар пуштибонӣ кунанд, бахусус барои он, ки Русия як давлати сермиллат аст."Ин ҳам нерӯ ва ҳам қудрати Федератсияи Русия аст. Дар ин ҷо миллатҳои бисёре зиндагӣ мекунанд ва ҳама бояд ҳамин тавр зиндагӣ кунанд, — мегӯяд Илҳом.Намояндагони ҷамъияти “Ворух” боварӣ доранд, ки оянда дар дӯстии халқҳо мебошад. Ҳоло барои ҳамаи миллатҳо муҳим аст, ки ҳангоми чунин муноқишаҳо ба игвогарй дода нашаванд.Ба ифтихори Рӯзи муҳофизони Ватан онҳо сарбозони амалиёти вижаро табрик мекунанд.Дар ҳамин ҳол, зодагони Тоҷикистон на танҳо ба қаҳрамонони амалиёти вижа, балки ба кӯдакон, аз ҷумла дар зодгоҳашон Ворух низ кумак мекунанд. Дар он ҷо бо истифода аз маблағҳои ҷамъоваришуда 4 мактаби варзишӣ, – яке оид ба гӯштини озод ва дигаре барои муҳорибаҳои омехта кушодаанд. Барои варзишгарони наврас лавозимоти варзишӣ мехаранд ва барои рафтан ба мусобиқаҳо кӯмак мерасонанд.
https://sputnik.tj/20241210/narishkin-rusiya-ahdof-amaliyot-vizha-nazdik-ast-1065451778.html
ворух
украина
новосибирск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/18/1063642273_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_56db2d9fc4cfb545e58cd14292bb38d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амалиёти вижа, украина, тоҷиекистониён, канор, кӯмак, русия, ворух, ҷамъияти тоҷикон
тоҷикистон, амалиёти вижа, украина, тоҷиекистониён, канор, кӯмак, русия, ворух, ҷамъияти тоҷикон
“Ворух” канор намонд: Кӯмаки тоҷикистониёни Русия ба амалиёти вижаи низомӣ
10:26 23.02.2025 (Навсозишуда: 16:10 23.02.2025) Эксклюзив
Моҳи феврали соли 2022 бо оғоз шудани амалиёти вижаи низомӣ дар Украина зодагони Тоҷикистон низ дар канор намонданд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Қариб аз рӯзҳои аввали амалиёти вижа ҷамъияти тоҷикони Новосибирск ба сарбозони рус дар ҷабҳа бо ҷамъоварии маблағ, фиристодани таҷҳизоти махсус ва шириниҳои шарқӣ кӯмак мерасонад.
Сарбозон дар навбати худ борҳо ба "бародарони тоҷик"-и худ миннатдорй баён карда, аз хати ҷабҳа сипосномаҳои видеоӣ мефиристоданд.
Чаро муҳим аст, ки мардуми Русия ва Тоҷикистон дар мубориза барои осмони осоишта якҷо бошанд ва аз ҳамдигар пуштибонӣ кунанд, - дар ин бора Илҳом Шомирсаидов, намояндаи ҷамъияти “Ворух”-и Новосибирск ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард
Илҳом Шомирсаидов аслан зодаи Ворухи вилояти Суғд аст. Ӯ ҳанӯз соли 1994 ба Новосибирск кӯчид, ҷои кор пайдо кард ва дар он ҷо зиндагӣ мекунад.
Ман дӯстон, аз ҷумла ҳамватанон пайдо кардам. Маҳз бо онҳо ӯ барои анҷоми кори хайр, - кӯмак ба сарбозон дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ муттаҳид шуд.
Илҳом таъкид мекунад, ки онҳо дар канор мондан натавонистанд.
"Мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, мо ин ҷоро ҳам ватани худ мешуморем. Фарзандони мо дар ин ҷо таваллуд шудаанд, дар ин ҷо ба воя расидаанд ва дар ҳамин ҷо мехонанд. Ин вазифаи мост, барои ҳамин мо ҳам дастгирӣ мекунем, - мегӯяд ӯ.
Ҳамаи аъзоёни ҷамъият шаҳрвандони Русия мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо Маркази сибирии ёрии равониву ҳуқуқӣ ба собиқадорон ва иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ борҳо маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба хати ҷабҳа таҷҳизоти махсус ва ҳатто шириниҳои шарқӣ фиристодаанд. Ва аз он тараф ҳатман посух мегирифтанд:
"Мо ба дустони худ аз деҳаи Ворухи Тоҷикистон, ки дар Новосибирск зиндагй мекунанд, миннатдорӣ баён мекунем. Ҳамчун дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, онҳо бо мо китф ба китф буданд ва ба мо барои ба даст овардани ғалаба бар фашизм кӯмак мекарданд", - мегӯянд аскарони рус дар навори видеоӣ аз минтақаи амалиёти вижаи низомӣ.
Ва чунин видеоҳо зиёданд. Илҳом иқрор мешавад, ки ҳамаи аъзоёни ҷамъият, албатта, онҳоро тамошо карданд. Чанд нафар аз дӯстон ва хешовандони ӯ низ дар амалиёти вижа қарор доранд.
“Мо борҳо кӯмак кардем ва дар оянда ҳам кӯмак хоҳем кард. Мо мошин харидем ва бисёр чизҳоро равон кардем. Наздикони мо дар он ҷо ҳастанд. Мо дастгирӣ хоҳем кард" , -идома медиҳад ӯ.
Дар ҷабҳа Илҳом дӯстонашро аз даст додааст. Ӯ ба аёдати хонаводаи онҳо меравад ва фоҷиаро барои худ чун сарнавишт медонад.
Дар ҷамъияти “Ворух” умедворанд, ки дигар халқҳои муқими Русия низ дар канор нахоҳанд монд.
Шояд ин мардумро водор созад, ки дар чунин як давраи муҳим аз кишвар пуштибонӣ кунанд, бахусус барои он, ки Русия як давлати сермиллат аст.
"Ин ҳам нерӯ ва ҳам қудрати Федератсияи Русия аст. Дар ин ҷо миллатҳои бисёре зиндагӣ мекунанд ва ҳама бояд ҳамин тавр зиндагӣ кунанд, — мегӯяд Илҳом.
Намояндагони ҷамъияти “Ворух” боварӣ доранд, ки оянда дар дӯстии халқҳо мебошад. Ҳоло барои ҳамаи миллатҳо муҳим аст, ки ҳангоми чунин муноқишаҳо ба игвогарй дода нашаванд.
Ба ифтихори Рӯзи муҳофизони Ватан онҳо сарбозони амалиёти вижаро табрик мекунанд.
“Мо онҳоро интизорем. Ба онҳо саломатӣ ва ба хона баргаштанро таманно дорем. Мо онҳоро дар ин ҷо сазовор пешвоз мегирем", — мегӯяд Илҳом.
Дар ҳамин ҳол, зодагони Тоҷикистон на танҳо ба қаҳрамонони амалиёти вижа, балки ба кӯдакон, аз ҷумла дар зодгоҳашон Ворух низ кумак мекунанд. Дар он ҷо бо истифода аз маблағҳои ҷамъоваришуда 4 мактаби варзишӣ, – яке оид ба гӯштини озод ва дигаре барои муҳорибаҳои омехта кушодаанд. Барои варзишгарони наврас лавозимоти варзишӣ мехаранд ва барои рафтан ба мусобиқаҳо кӯмак мерасонанд.