Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд

© Foto / МегаФон ТаджикистанМегаФон Таджикистан
МегаФон Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2025
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Солҳои 2025-2030 дар кишвар “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистонро лозим меояд, ки ба пешравии бузурги технологӣ ноил шавад. Ин ба ҳаёти шаҳрвандони ҷумҳурии мо чӣ таъсир хоҳад расонид? Барои инро тасаввур кардан кофист, ки ба дастовардҳои яке аз ширкатҳои пешсафи пешбарандаи инноватсияҳои рақамӣ – “МегаФон Тоҷикистон” назар афканем.

Ҳаёт бидуни навбатпоиҳо

Пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, барасмиятдарории қарз ё полиси суғуртаи автомобилӣ – дар шакли анъанавӣ ҳамаи ин корҳо ба раванди тӯлонӣ ва баъзан раванди хастакунанда табдил меёфт. Зарур меомад, ки ба идораи ташкилоти зарурӣ равем, дар навбатҳо истем ва вақти зиёди худро сарф кунем. Воқеияти рақамӣ тамоман роҳи дигарро пешниҳод дорад.
Якчанд дақиқа бо смартфон дар даст – ва мушкилӣ ё якчанд мушкилӣ ҳал шуд. Ҳамин тариқ, дар замимаи мобилии “МегаФон Life” метавон қарзҳои “Орзу”-ро ба даст овард ва суғуртаи автомобилиро ба расмият даровард. Дар қисми “Пардохтҳо”-и “Ҳамён”-и замима даҳҳо хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ҷамъ оварда шудаанд.
МегаФон Таджикистан: как стать счастливым сотрудником - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
"МегаФон Тоҷикистон": чӣ тавр корманди саодатманд шуда метавонем
Метавон бе мушкилӣ маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, боҷҳои давлатиро пардохт намуд.
Ҳар яке аз ин амалиётҳоро метавон, масалан, аз хона дар болои курсии нарм нишаста ба амал баровард.
Нуқтаи махсусан муҳим он аст, ки чунин имкониятҳо на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар ҳама маконҳое, ки дар онҳо шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” фаъол мебошад, дастрас ҳастанд.

Ҳаёт бидуни хавф

Ҳалли масъалаҳои зикршуда бо роҳи анъанавӣ – варианти нисбатан хавфнок мебошад. Дар вақти рафтан ба бонк ё ташкилоти давлатӣ эҳтимол аст, ки ҳуҷҷатҳо ё ҳамён бо маблағ гум карда шаванд. Бо технологияҳои рақамӣ чунин ҳолат ҷой нахоҳад дошт.
Бехатарии транзаксияҳои рақамӣ ва ҳифзи маълумотро технологияҳои муосири рамзбандӣ, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор бурда мешаванд, таъмин мекунанд. Агар ба ғайр аз ин тамоми воситаҳои зарурии ҳимоя, ба монанди биометрия истифода карда шаванд, барои маблағҳову маълумоти шахсии худ метавонед умуман нигарон набошед.

Ҳаёт бидуни интизориҳои тӯлонӣ

Хизматрасониҳои рақамӣ – роҳи аз ҳама зуди ҳалли бисёр масъалаҳои маишист. Ин ба хадамоти мизоҷони оператор низ дахл дорад. Алҳол барои аниқкунии шартҳои тарофа, танзимкунии хизматрасонӣ ё тафтиши тавозун лозим намеояд, ки ба мушовирон зангҳо анҷом дода, ҷавоби онҳоро мунтазир шуд, зеро дар дилхоҳ сония чат-боти Доно бо муштариён дар тамос аст. Аниқтараш, аллакай намунаи нави он – Dono AI дастрас аст, ки он технологияҳои зеҳни сунъиро ба кор мебарад.
МегаФон Football Day: матч со звёздами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2024
"МегаФон FootballDay: бозӣ бо ситораҳо": ҳамаро даъват менамоем!
Чат-бот доимо бе танаффус дар амал аст, ҷавобҳоро ба саволҳои намунавӣ муштариён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон қариб якбора ба даст меоранд. Аллакай ҳозир Dono AI наздики 9% ҳамаи муроҷиатҳоро ба зиммаи худ мегирад. Бо рақам ин ҳазорҳо муштариён дар як рӯз мебошад.
Зеҳни сунъӣ ба чат-бот дар гирифтани таълим – азхудкунии забони тоҷикӣ, дарки саволҳо ё паёмакҳои ғайристандартӣ, ки бо ихтисораҳо навишта шудаанд, кӯмак мерасонад. Ба шарофати чунин технологияҳо муштариён зуд ва босифат хизматрасонӣ мешаванд.

Ҳаёт бидуни маҳдудият ва масофа

Бо инкишофи шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” интернети босуръат пайваста ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар ворид мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто дар қишлоқи кӯҳӣ одами дорои смартфон имкон дорад, ки ба наздикони худ, ки дар гӯшаи дигари Тоҷикистон ё хориҷа зиндагӣ дорад, маблағ гузаронад.
Тариқи интернет молҳои заруриро фармоиш диҳад. Тариқи онлайн таълим гирад. Нахустнамоишҳои синаморо якҷоя бо сокинони пойтахт тамошо кунад.
Вышка МегаФона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2024
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
Аз хизматрасониҳои давлатӣ истифода барад, масалан, бидуни рафтан ба маркази ноҳия маълумотномаҳоро дастрас намояд. Технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд инкишоф меёбанд ва ҳамин тавр одатҳои моро низ тағйир медиҳанд.
Метавон боварӣ ҳосил кард: то соли 2030 тамоми мақсадҳои гузоштаи ҳукумати кишвар амалӣ хоҳанд шуд. Зеро ширкатҳои пешсафи самти рақамикунонӣ аллакай асоси мустаҳкам гузоштанд, то ки инноватсияҳои рақамӣ на танҳо мавзӯи мақолаҳои рӯзномаҳо бошанд, балки ба воқеияти миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон табдил ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0