https://sputnik.tj/20240901/megafon-footballday-bozi-sitoraho-hama-davat-1064001246.html
"МегаФон FootballDay: бозӣ бо ситораҳо": ҳамаро даъват менамоем!
"МегаФон FootballDay: бозӣ бо ситораҳо": ҳамаро даъват менамоем!
Sputnik Тоҷикистон
Санаи якуми сентябр сокинони Душанбе шоҳиди иштирокчии ҷашни бошукӯҳи варзишӣ – фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” мегарданд
2024-09-01T18:00+0500
2024-09-01T18:00+0500
2024-08-30T13:41+0500
ахбори ширкатҳо
мегафон-тоҷикистон
футбол
ффт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/13/1064001633_0:222:1024:798_1920x0_80_0_0_7388d78140bdb7c12017145ef9bf7d68.jpg
МегаФон Тоҷикистон ҳамин тавр зодрӯзи худро таҷлил намуда, ба сокинон вохӯрӣ бо бозингарони амалкунанда ва собиқадорони дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футбол, ҳунармандон ва ситораҳои шабакащои иытимоиро ҳадя мекунад. Даромад ройгон аст. Шарики фестивал - Федератсияи футболи Тоҷикистон.Чорабинӣ дар Майдони марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Дар макони мухлисон бозингарони мунтахаби миллӣ- нимҳимоятгарон Амирбек Ҷурабоев, Амадонӣ Камолов ва Эҳсони Панҷшанбе соядаст гузошта, бо мухлисон муошират хоҳанд кард. Сокинони пойтахтро машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол ва озмунҳо, баромади ҳунармандон, мусобиқаҳои оилавӣ интизоранд.Бозӣ миёни бозигарони собиқи мунтахаби миллӣ ва ситораҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон, ки соати 19:00 оғоз меёбад, рӯйдоди муҳими рӯз хоҳад гашт. Мухлисон дар майдон футболбозони машҳуре чун Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоевро мебинанд. Рақибони онҳо сарояндаи машҳур ва блогери дорои миллион обуначӣ Барон, ғолиби шоу “Ну-ка, все вместе!” Фаррух Ҳасанов, роҳбари ассотсиатсияи блогерон ва вайнерҳои Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов, вайнер Фаридун Сафаров мебошанд.Инчунин барнома озмунҳо бо туҳфаҳо аз ширкати МегаФон Тоҷикистон”, макони аксгирӣ, ки дар он метавон аксҳои зебо гирифта, дарҳол онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кард, макони истироҳат ва фуд-кортро дар бар мегирад. Мусобиқаҳо аз рӯи варзиши кибернетикӣ баргузор мегарданд.“Таҷлили зодрӯзи ширкат бо тантанаҳои бузург дар Душанбе, даъвати муштариёни худ ва дигар сокинони кишвар аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол мо тасмим гирифтем, ки шакли ташкилро дигар кунем: мавзӯи фестивал варзиши дӯстдоштаи миллионҳо мегардад. Зеро футбол дар Тоҷикистон – маҳбубияти хос дорад. Моро лаҳзаҳои шадиду ҷолиби футбол, муошират бо бозингарони дӯстдошта, эҳсосоти рангин интизоранд. 1 сентябр дар Майдони марказӣ вомехӯрем!” – мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.Дар бораи барномаи чорабинии бошукӯҳ, ки дар он метавон бо бозингарони мунтахаби миллӣ муошират намуда, бозии ғайриоддии футбол ба он хотимаи рангин мебахшад, маълумот медиҳем.Макони аксгирӣДар назди даромадгоҳ дар пеши маконҳои рангини аксгирӣ таваққуф намоед. Дар ин ҷо метавонед бо наздикону дӯстон аксҳои зебо гиред. Усули беҳтарин барои ба даст овардани лайкҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз дигарон мебошад!КараокеСурудхониро дӯст медоред? Пас ҳангоми гузаштан аз назди караоке бетаваҷҷуҳ набошед, худро ситораи эстрада эҳсос намоед! Барои овозхонҳо – эътирофи тамошобинон, кафкӯбиҳо ва туҳфаҳои дилписанд.Майдон барои кӯдаконХурдтарин меҳмононро бозиҳо, озмунҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ интизоранд. Волидон метавонанд аз тамоми майдонҳо дидан намоянд, дар ҳоле ки кӯдакон таҳти назорати соҳибкасбон вақтро хуш мегузаронанд.Майдони варзишӣЭстафетаҳои оилавӣ, бозии моҳирона бо тӯб, машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол – маҳорати худро нишон диҳед!Майдони шариконДар озмунҳои шарикони чорабинӣ иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гардед ва дар бораи навгониҳои брендҳои пешқадам маълумот гиред.ФудкортГурусна мондед? Истироҳат намоед ва нерӯ гиред – барои шумо таомҳо ва нӯшокиҳои болаззат аз беҳтарин тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои шаҳр омода карда шудаанд.Макони варзиши кибернетикӣ бо “Интернет барои хона”Дар мусобиқаҳо иштирок намуда, бо дӯстон рақобат намоед ва суръати баланди “Интернет барои хона”-ро, ки ҷиҳати бозии бемаҳдуд имкон медиҳад, бисанҷед. Дар худи ҳамин майдон – машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба танзимкунии шабака ва озмунҳо баргузор мегарданд, ки дар онҳо метавонед сертификат барои пайвасткунии ройгони тарофаи “Интернет барои хона” бурд намоед.Майдони “МегаФон Тоҷикистон” ва макони мухлисонБарои вохӯрдан бо бозингарони мунтахаби миллии Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Эхсон Панджшанбе ва Табрез Исломов ва гирифтани соядасти онҳо беҳтарин имконият аст. Дар вақти дигар дар майдон машғулиятҳои омӯзишӣ, озмунҳо ва баромади ҳунармандони тоҷик баргузор мегарданд.Саҳнаи асосӣДар давоми чорабинӣ дар саҳна Абдулвалӣ Соҳибов ҳамчун ровӣ баромад карда, мусиқии оташини дидҷей Emre Jan садо медиҳад. Соати 18:00 бошад фурсати тамошои ҳунарнамоии маликаи саҳнаи эстрадаи тоҷик – Зулайхоро аз даст надиҳед!Майдони варзишгоҳДар ин ҷо соати 19:00 рӯйдоди муҳими рӯз оғоз меёбад: футболбозони маъруфи мунтахаби миллӣ, аз қабили Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев бо ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва шоу-бизнес ба рақобат мепардозанд. Даври ниҳоии зебое, ки муддати тӯлонӣ дар хотир мемонад!Даромад ба “MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо” ройгон аст. Бо аҳли оила биёед ва як рӯзи хотирмонро ҳамроҳ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронед!Шарики кулли иттилоотии фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” – АМИТ “Ховар”.Шарики расмии иттилоотии фестивал – Pressa.tj.Шарикони иттилоотии фестивал – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо, Love Radio TJ, Sputnik Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/13/1064001633_0:126:1024:894_1920x0_80_0_0_7e1ec5ff9ce2af44f1cbdfe86f9bdf7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мегафон бозӣ ситораҳо даъват
мегафон бозӣ ситораҳо даъват
"МегаФон FootballDay: бозӣ бо ситораҳо": ҳамаро даъват менамоем!
Ахбори ширкатҳо
Санаи якуми сентябр сокинони Душанбе шоҳиду иштирокчии ҷашни бошукӯҳи варзишӣ – фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” мегарданд
"МегаФон FootballDay: бозӣ бо ситораҳо"
1 сентябри, 16:00
Душанбе
Тақвими худро илова карданМегаФон Тоҷикистон ҳамин тавр зодрӯзи худро таҷлил намуда, ба сокинон вохӯрӣ бо бозингарони амалкунанда ва собиқадорони дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футбол, ҳунармандон ва ситораҳои шабакащои иытимоиро ҳадя мекунад. Даромад ройгон аст. Шарики фестивал - Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чорабинӣ дар Майдони марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.
Дар макони мухлисон бозингарони мунтахаби миллӣ- нимҳимоятгарон Амирбек Ҷурабоев, Амадонӣ Камолов ва Эҳсони Панҷшанбе соядаст гузошта, бо мухлисон муошират хоҳанд кард. Сокинони пойтахтро машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол ва озмунҳо, баромади ҳунармандон, мусобиқаҳои оилавӣ интизоранд.
Бозӣ миёни бозигарони собиқи мунтахаби миллӣ ва ситораҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон, ки соати 19:00 оғоз меёбад, рӯйдоди муҳими рӯз хоҳад гашт.
Мухлисон дар майдон футболбозони машҳуре чун Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоевро мебинанд.
Рақибони онҳо сарояндаи машҳур ва блогери дорои миллион обуначӣ Барон, ғолиби шоу “Ну-ка, все вместе!” Фаррух Ҳасанов, роҳбари ассотсиатсияи блогерон ва вайнерҳои Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов, вайнер Фаридун Сафаров мебошанд.
Инчунин барнома озмунҳо бо туҳфаҳо аз ширкати МегаФон Тоҷикистон”, макони аксгирӣ, ки дар он метавон аксҳои зебо гирифта, дарҳол онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кард, макони истироҳат ва фуд-кортро дар бар мегирад. Мусобиқаҳо аз рӯи варзиши кибернетикӣ баргузор мегарданд.
“Таҷлили зодрӯзи ширкат бо тантанаҳои бузург дар Душанбе, даъвати муштариёни худ ва дигар сокинони кишвар аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол мо тасмим гирифтем, ки шакли ташкилро дигар кунем: мавзӯи фестивал варзиши дӯстдоштаи миллионҳо мегардад. Зеро футбол дар Тоҷикистон – маҳбубияти хос дорад. Моро лаҳзаҳои шадиду ҷолиби футбол, муошират бо бозингарони дӯстдошта, эҳсосоти рангин интизоранд. 1 сентябр дар Майдони марказӣ вомехӯрем!” – мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
Дар бораи барномаи чорабинии бошукӯҳ, ки дар он метавон бо бозингарони мунтахаби миллӣ муошират намуда, бозии ғайриоддии футбол ба он хотимаи рангин мебахшад, маълумот медиҳем.
Дар назди даромадгоҳ дар пеши маконҳои рангини аксгирӣ таваққуф намоед. Дар ин ҷо метавонед бо наздикону дӯстон аксҳои зебо гиред. Усули беҳтарин барои ба даст овардани лайкҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз дигарон мебошад!
Сурудхониро дӯст медоред? Пас ҳангоми гузаштан аз назди караоке бетаваҷҷуҳ набошед, худро ситораи эстрада эҳсос намоед! Барои овозхонҳо – эътирофи тамошобинон, кафкӯбиҳо ва туҳфаҳои дилписанд.
Хурдтарин меҳмононро бозиҳо, озмунҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ интизоранд. Волидон метавонанд аз тамоми майдонҳо дидан намоянд, дар ҳоле ки кӯдакон таҳти назорати соҳибкасбон вақтро хуш мегузаронанд.
Эстафетаҳои оилавӣ, бозии моҳирона бо тӯб, машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол – маҳорати худро нишон диҳед!
Дар озмунҳои шарикони чорабинӣ иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гардед ва дар бораи навгониҳои брендҳои пешқадам маълумот гиред.
Гурусна мондед? Истироҳат намоед ва нерӯ гиред – барои шумо таомҳо ва нӯшокиҳои болаззат аз беҳтарин тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои шаҳр омода карда шудаанд.
Макони варзиши кибернетикӣ бо “Интернет барои хона”
Дар мусобиқаҳо иштирок намуда, бо дӯстон рақобат намоед ва суръати баланди “Интернет барои хона”-ро, ки ҷиҳати бозии бемаҳдуд имкон медиҳад, бисанҷед. Дар худи ҳамин майдон – машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба танзимкунии шабака ва озмунҳо баргузор мегарданд, ки дар онҳо метавонед сертификат барои пайвасткунии ройгони тарофаи “Интернет барои хона” бурд намоед.
Майдони “МегаФон Тоҷикистон” ва макони мухлисон
Барои вохӯрдан бо бозингарони мунтахаби миллии Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Эхсон Панджшанбе ва Табрез Исломов ва гирифтани соядасти онҳо беҳтарин имконият аст. Дар вақти дигар дар майдон машғулиятҳои омӯзишӣ, озмунҳо ва баромади ҳунармандони тоҷик баргузор мегарданд.
Дар давоми чорабинӣ дар саҳна Абдулвалӣ Соҳибов ҳамчун ровӣ баромад карда, мусиқии оташини дидҷей Emre Jan садо медиҳад. Соати 18:00 бошад фурсати тамошои ҳунарнамоии маликаи саҳнаи эстрадаи тоҷик – Зулайхоро аз даст надиҳед!
Дар ин ҷо соати 19:00 рӯйдоди муҳими рӯз оғоз меёбад: футболбозони маъруфи мунтахаби миллӣ, аз қабили Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев бо ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва шоу-бизнес ба рақобат мепардозанд. Даври ниҳоии зебое, ки муддати тӯлонӣ дар хотир мемонад!
Даромад ба “MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо” ройгон аст. Бо аҳли оила биёед ва як рӯзи хотирмонро ҳамроҳ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронед!
Шарики кулли иттилоотии фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” – АМИТ “Ховар”.
Шарики расмии иттилоотии фестивал – Pressa.tj.
Шарикони иттилоотии фестивал – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо, Love Radio TJ, Sputnik Тоҷикистон.