https://sputnik.tj/20240711/megafon-tojikiston-akkumulyator-shakl-nav-1063475846.html
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба ивазкунии васеъмиқёси батареяҳои аккумуляторӣ (БАК), ки барои таъмини мустақили барқи пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ истифода мешаванд, оғоз намуд
2024-07-11T09:34+0500
2024-07-11T09:34+0500
2024-07-11T09:34+0500
алоқа
мегафон-тоҷикистон
"мегафон"
ихтироъи батария
алоқаи мобилӣ
ахбори ширкатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0a/1063473907_51:0:1260:680_1920x0_80_0_0_cc6a363b0f7aded0683aaccac9dcff2e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба ҷойи аккумуляторҳои ишқордори шакли куҳна литий-ионӣ, аккумуляторҳои нисбатан боэътимод дар истифодабарӣ мавриди корбарӣ қарор мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки дар сурати қатъ гардидани шабакаҳои барқии берунӣ пойгоҳҳои базавӣ тӯлонитар кор кунанд.Яке аз афзалиятҳои БАК-ҳои литий-ионӣ – муҳлати нисбатан тӯлонитари фаъолият, андозаи хурдтар ба ҳисоб меравад. Дар майдони як пойгоҳи базавӣ метавон аккумуляторҳои бисёртарро насб кард, ки ин давомнокии фаъолияти мустақили таҷҳизоти алоқаро зиёд мекунад. Илова бар ин, БАК-ҳои нав дорои диапазони калонтари ҳарорати корӣ мебошанд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳангоми тағйироти назарраси мавсимӣ, ки хоси иқлими Тоҷикистон аст, камтар вайрон мешаванд.“Аллакай ҳамин сол мо нақша дорем, ки дар зиёда аз 170 майдони пойгоҳҳои базавӣ дар манотиқи гуногуни кишвар аккумуляторҳоро иваз кунем. Мо интизорем, ки БАК-ҳои нав эътимоднокии шабакаро ба таври назаррас афзоиш дода, имкон медиҳанд, ки муштариён ҳатто ҳангоми қатъкуниҳои тӯлонии нерӯи барқ бо алоқа таъмин карда шаванд”, - мегӯяд Рафил Аглямов, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.Дар навбати аввал, БАК дар маконҳо бо сарбории зиёди шабака иваз карда мешаванд. Дар соли 2024 қисми зиёди батареяҳои аккумулятории литий-ионӣ дар Душанбе насб карда мешаванд – қариб 230 БАК дар зиёда аз 110 майдони пойгоҳҳои базавӣ (ПБ). Дар НТМ системаҳои таъмини мустақили барқ дар 30 ПБ навсозӣ карда шуда, наздики 30 пойгоҳи базавии дигар дар Суғду Хатлон соҳиби аккумуляторҳои шакли нав мегарданд. Дар оянда тамоми ПБ оператор ба БАК-ҳои эътимодноктару устувортар ба тағйирёбии ҳарорат гузаронида хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20240611/megafon-life-zangho-payomakho-roygon-muhojiron-1063163535.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0a/1063473907_72:0:979:680_1920x0_80_0_0_980133b74f1fc63b40e3f7d8c3bce4e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мегафон, аккамулятор, батарея, таъмин, пойгоҳ, алоқа
тоҷикистон, мегафон, аккамулятор, батарея, таъмин, пойгоҳ, алоқа
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
Ахбори ширкатҳо
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба ивазкунии васеъмиқёси батареяҳои аккумуляторӣ (БАК), ки барои таъмини мустақили барқи пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ истифода мешаванд, оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба ҷойи аккумуляторҳои ишқордори шакли куҳна литий-ионӣ, аккумуляторҳои нисбатан боэътимод дар истифодабарӣ мавриди корбарӣ қарор мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки дар сурати қатъ гардидани шабакаҳои барқии берунӣ пойгоҳҳои базавӣ тӯлонитар кор кунанд.
Яке аз афзалиятҳои БАК-ҳои литий-ионӣ – муҳлати нисбатан тӯлонитари фаъолият, андозаи хурдтар ба ҳисоб меравад. Дар майдони як пойгоҳи базавӣ метавон аккумуляторҳои бисёртарро насб кард, ки ин давомнокии фаъолияти мустақили таҷҳизоти алоқаро зиёд мекунад.
Илова бар ин, БАК-ҳои нав дорои диапазони калонтари ҳарорати корӣ мебошанд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳангоми тағйироти назарраси мавсимӣ, ки хоси иқлими Тоҷикистон аст, камтар вайрон мешаванд.
“Аллакай ҳамин сол мо нақша дорем, ки дар зиёда аз 170 майдони пойгоҳҳои базавӣ дар манотиқи гуногуни кишвар аккумуляторҳоро иваз кунем. Мо интизорем, ки БАК-ҳои нав эътимоднокии шабакаро ба таври назаррас афзоиш дода, имкон медиҳанд, ки муштариён ҳатто ҳангоми қатъкуниҳои тӯлонии нерӯи барқ бо алоқа таъмин карда шаванд”, - мегӯяд Рафил Аглямов, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Дар навбати аввал, БАК дар маконҳо бо сарбории зиёди шабака иваз карда мешаванд. Дар соли 2024 қисми зиёди батареяҳои аккумулятории литий-ионӣ дар Душанбе насб карда мешаванд – қариб 230 БАК дар зиёда аз 110 майдони пойгоҳҳои базавӣ (ПБ).
Дар НТМ системаҳои таъмини мустақили барқ дар 30 ПБ навсозӣ карда шуда, наздики 30 пойгоҳи базавии дигар дар Суғду Хатлон соҳиби аккумуляторҳои шакли нав мегарданд.
Дар оянда тамоми ПБ оператор ба БАК-ҳои эътимодноктару устувортар ба тағйирёбии ҳарорат гузаронида хоҳанд шуд.