Лавров: Сахт кардани низоми вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба манфиати Русия нест

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ С. Лавров. Архивное фото
Глава МИД РФ С. Лавров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки тадбирҳое, ки ҳоло дар самти муҳоҷират андешида мешаванд, ба пурзӯр кардани назорат нигаронида шудааст, на ба эҷоди монеа
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Пурзур кардани низоми вуруд барои муҳоҷирони корӣ, ҷорӣ кардани низоми раводид бо ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба манфиатҳои дарозмуддати Русия мусоидат намекунад.
Дар ин бора ахиран Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия изҳори назар кард.
"Ман бар он ҳастам, ки пурзур намудани раванди муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Миёна пеш аз ҳама Қафқоз ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар муҳоати дарозмуддат ба манфиатҳои дарозмуддати Русия мусоидат намекунад”,- гуфт оқои Лавров.
Вазири хориҷа таъкид кард, ки албатта муҳоҷирон бояд, тартиботро риоя кунанд.
“Аз бархе самтҳои ҷуғрофӣ, ки муҳоҷирон аз онҷо меоянд, қонуншиканиҳои зиёд ба қайд гирифта шудаанд, вале мо аз он бармеоем, ки назоратро аз болои рафтори онҳо пурзӯр кунем, аммо монеаҳо гузоштан ва бахусус низоми раводид ҷорӣ карданро лозим намешуморем”, - қайд кард Сергей Лавров.
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Муҳриддин: Тоҷикистон чораҳои Русия дар бахши муҳоҷиратро зери шубҳа намегузорад
Вазир афзуд, ки тадбирҳое, ки ҳоло дар ин самт андешида мешаванд, ба пурзӯр кардани назорат нигаронида шудааст, на ба эҷоди монеа дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш дар Маскав гуфт, ки Тоҷикистон тадбирҳоеро, ки дар Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират андешида мешаванд, зери шубҳа намегузорем. Аммо онҳо набояд дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ асабонӣ эҷод кунанд.
Ҳамзамон, ӯ аз эҳсосоти зидди муҳоҷират, ки аз ҷониби афроди алоҳида, аз ҷумла бархе аз сиёсатмадорон, қонунгузорон, шахсиятҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳо ба вуҷуд омадаанд, изҳори нигаронӣ кард.
"Бархӯрди ҳамаҷониба, эҳтиёткорона ва муҳимтар аз ҳама шаффоф барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират зарур аст. Дар баробари ин бояд манфиатҳои тарафҳои қабулкунанда ва ирсолкунанда ба инобат гирифта шаванд", - қайд кард вазири тоҷик.
Дар ҳамин ҳол, як қатор масъалаҳои мубрами муҳоҷират аллакай ҳалли худро пайдо кардаанд, таъкид кард вазири умури хориҷӣ.
Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз тариқи ҷалби муташаккил аз корфармоёни рус дархостҳои зиёд гирифтааст. Дар давоми як соли охир зиёда аз 12 хазор нафар аз рӯи ин низом муҳоҷират кардаанд.
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Красноярске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Путин пешниҳод кард, ки масъалаҳои муҳоҷират бояд ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя ҳал шавад
Ҳама гуна ҳодисаҳо дар соҳаи муҳоҷират дар Русия ва ё дигар кишварҳо бояд бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ сурат бигиранд, таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
"Мо бештар ба шаҳрвандони худ таваҷҷӯҳ дорем, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, бидуни хавф ба Русия ва кишварҳои дигар сафар кунанд", - афзуд ӯ.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар навбати худ, тавзеҳ дод, ки мақомоти Русия дархостҳои Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷират бодиққат баррасӣ мекунанд ва талош хоҳад кард, ки дар бораи чораҳои андешидашуда тавзеҳоти ҳамаҷониба пешниҳод кунанд.
Лентаи хабарҳо
0