Муҳриддин: Тоҷикистон чораҳои Русия дар бахши муҳоҷиратро зери шубҳа намегузорад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш дар Маскав ба суолҳои хабарнигорон посух дод
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон бояд дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ бештар кор кунанд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар Маскав дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар нишасти хабарие, ки дар пайи музокирот бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шуд, таъкид кард.
"Мо тадбирҳоеро, ки дар Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират андешида мешаванд, зери шубҳа намегузорем. Аммо онҳо набояд дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ асабонӣ эҷод кунанд", - гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.
Ҳамзамон, ӯ аз эҳсосоти зидди муҳоҷират, ки аз ҷониби афроди алоҳида, аз ҷумла бархе аз сиёсатмадорон, қонунгузорон, шахсиятҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳо ба вуҷуд омадаанд, изҳори нигаронӣ кард.
"Бархӯрди ҳамаҷониба, эҳтиёткорона ва муҳимтар аз ҳама шаффоф барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират зарур аст. Дар баробари ин бояд манфиатҳои тарафҳои қабулкунанда ва ирсолкунанда ба инобат гирифта шаванд", - қайд кард вазири тоҷик.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и министр иностранных дел РФ Сергей Лавров на совместной пресс-конференции по итогам встречи в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Нукоти асосӣ аз гуфтугӯи Лавров ва Муҳриддин дар Маскав
Дар ҳамин ҳол, як қатор масъалаҳои мубрами муҳоҷират аллакай ҳалли худро пайдо кардаанд, таъкид кард вазири умури хориҷӣ.
Ҳамин тариқ, дар бораи ташхисҳои сайёри тиббии тоҷиконе, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, дар қаламрави Тоҷикистон фаъол шуд, тавофуқ ҳосил шуда, масъалаи ҷойгир кардани як муассисаи тиббии Русия дар Душанбе ба таври мусбат ҳал шудааст.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия ифтитоҳ шудааст.
Ғайр аз ин, низоми омодагии пеш аз сафар ба шаҳрвандҳо, аз чумла имконияти омӯхтани забони русӣ такмил дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз тариқи ҷалби муташаккил аз корфармоёни рус дархостҳои зиёд гирифтааст. Дар давоми як соли охир зиёда аз 12 хазор нафар аз рӯи ин низом муҳоҷират кардаанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Лавров: Русия муроҷиатҳои Тоҷикистон дар бахши муҳоҷиратро бодиққат баррасӣ мекунад
Ҳама гуна ҳодисаҳо дар соҳаи муҳоҷират дар Русия ва ё дигар кишварҳо бояд бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ сурат бигиранд, таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.
"Мо бештар ба шаҳрвандони худ таваҷҷӯҳ дорем, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, бидуни хавф ба Русия ва кишварҳои дигар сафар кунанд", - афзуд ӯ.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар навбати худ, тавзеҳ дод, ки мақомоти Русия дархостҳои Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷират бодиққат баррасӣ мекунанд ва талош хоҳад кард, ки дар бораи чораҳои андешидашуда тавзеҳоти ҳамаҷониба пешниҳод кунанд.
Лентаи хабарҳо
0