Путин пешниҳод кард, ки масъалаҳои муҳоҷират бояд ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя ҳал шавад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкРейд по выявлению нелегальных мигрантов в Красноярске
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Красноярске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки кишвараш ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя бояд масъалаи муҳоҷиратро ҳал намояд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотии солонааш вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ изҳори назар кард.
Владимир Путин бовар дорад, ки Русия дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсояаш бояд ба мушкилоти муҳоҷиратӣ машғул шавад.
Раҳбари Русия қайд кард, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ корҳо вобаста ба муҳоҷират пурзӯр карда мешавад ва бояд як маркази алоҳида таъсис дода шавад.
"Дар бораи он, ки мо як шӯъбаи алоҳида таъсис диҳем (дар масъалаҳои муҳоҷират), мо як вақт доштем. Ба назари ман мо ин ниҳодро бояд пурзӯр кунем. Барои ин кор дар дохили ВКД бояд як воҳиди алоҳидаи пурқувват, як маркази алоҳида ё дар дохили ВКД ё дар назди Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шавад”, - гуфт Путин.
Итоги 2024 года с Владимиром Путиным  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Путин: БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки ҳукумат бояд ба масоили муҳоҷират дар Русия таваҷҷӯҳи бештар диҳад.
"Саволҳо зиёданд ва албатта, ҳукумат бояд ба ин (масъалаҳои муҳоҷират - ред.) таваҷҷӯҳи бештар диҳад" гуфт Путин.
раҳбари Русия илова кард, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд пеш аз сафар ба Русия омода шаванд.
Раисҷумҳури Русия зарурати занбономӯзӣ ва қонуну фарҳанги кишварро аз сӯи муҳоҷирон таъкид кард.
Вай афзуд, ки талаботро шадидтар кард, то шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия қарор доранд, урфу одатҳои маҳаллиро эҳтиром кунанд.
Лентаи хабарҳо
0