https://sputnik.tj/20250217/qurb-se-asor-kalidi-khorij-tojikiston-bolo-1066247785.html
Қурби се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон боло рафт
Қурби се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бар асоси додаҳои нав, ҳарсе асъори маъмули серистифода, ҳафтаро дар қиболи арзи миллӣ бо гароншавӣ оғоз кардаанд
2025-02-17T09:20+0500
2025-02-17T09:20+0500
2025-02-17T09:20+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон ба таври ночиз боло рафтааст.Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 119,6 сомонӣ арзиш дорад.Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 116,5 сомонӣ буд.Охирин болоравии қимати рубл пас аз муддатҳо 13 феврал сабт шуд, ки бар ивази 1000 руб беш аз 120 сомонӣ медоданд.Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9418 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9422 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, ҳар евро 11,4532 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,4014 сомонӣ медоданд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
https://sputnik.tj/20250214/imkonnopazir-bonki-milli-borai-mabolighi-muhojirin-1066234049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб асъор хориҷӣ тоҷикистон гарон
қурб асъор хориҷӣ тоҷикистон гарон
Қурби се асъори калидии хориҷӣ дар Тоҷикистон боло рафт
Дар Тоҷикистон бар асоси додаҳои нав, ҳарсе асъори маъмули серистифода, ҳафтаро дар қиболи арзи миллӣ бо гароншавӣ оғоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон ба таври ночиз боло рафтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 119,6 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 116,5 сомонӣ буд.
Охирин болоравии қимати рубл пас аз муддатҳо 13 феврал сабт шуд, ки бар ивази 1000 руб беш аз 120 сомонӣ медоданд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9418 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9422 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ низ боло рафта, ҳар евро 11,4532 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,4014 сомонӣ медоданд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.