https://sputnik.tj/20250216/rubio-lavrov-omodagi-muloqot-tramp-putin-barrasi-1066245580.html
Лавров ва Рубио омодагӣ ба мулоқоти Трамп ва Путинро баррасӣ карданд
Лавров ва Рубио омодагӣ ба мулоқоти Трамп ва Путинро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ин нахустин музокироти телефонии Лавров бо котиби давлатии ИМА дар тақрибан ду сол аст. Вай бори охир 2 апрели соли 2023 бо Антони Блинкен сӯҳбат карда буд
2025-02-16T11:51+0500
2025-02-16T11:51+0500
2025-02-16T12:19+0500
дар русия
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/41/1025394183_0:84:1403:873_1920x0_80_0_0_9740891eb82085c1247630196f0cd294.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.Тамоси телефонӣ миёни раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷӣ бо ибтикори Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт, хабар додаанд аз вазорати умури хориҷаи ФР ба РИА "Новости"."Бо ташаббуси ҷониби Амрико сӯҳбати телефонӣ миёни сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сурат гирифт", - омадааст дар хабар.Зимни суҳбати Лавров ва Рубио, аз ҷумла нукоти зер таъкид гардидаанд: ▪️тайёр будани худро барои кор дар барқарорсозии муколамаи мутақобилан эҳтиромона тасдиқ карданд, ▪️дар бораи тамосҳои мунтазам, аз ҷумла барои омодагӣ ба мулоқоти Путин ва Трамп мувофиқа карданд, ▪️барои нигоҳ доштани роҳи иртиботӣ барои ҳалли мушкилоти ҷамъшуда дар муносибатҳои ду кишвар мувофиқат карданд, ▪️роҳҳои ҷилавгирии сиёсати оғознамудаи Обама дар мавриди ташдиди шароит барои кори намояндагиҳои дипломатии Русия дар Иёлоти Муттаҳида баррасӣ шуд, ▪️ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи коршиносон барои ҳамоҳангсозии қадамҳо ҷиҳати рафъи монеаҳои мутақобила дар кори намояндагиҳои хориҷии Русия ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шавад, ▪️омодагии худро барои ҳамкорӣ дар масоили байналмилалӣ баён доштанд.Рӯзи чаҳоршанбе Владимир Путин ва Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, ки тақрибан якуним соат идома кард. Раҳбарон, аз ҷумла, ҳалли вазъ дар Украинаро баррасӣ карданд.Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои шахсӣ, аз ҷумла дар масъалаи ташкили мулоқоти ҳузуриро идома диҳанд.Рӯзи панҷшанбе раҳбари Амрико гуфт, ки мулоқоти мақомоти баландпояи Русия, ИМА ва Украина бояд аллакай дар Конфронси Амнияти Мюнхен, ки аз 14 то 16 феврал ва ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, доир гардад.Мавқеи Русия дар ҳалли низоъ Моҳи июни соли гузашта Путин ташаббусҳоро барои ҳалли мусолиматомези низоъ оғоз кард. Русия фавран оташбасро роҳандозӣ мекунад ва омодагии худро барои гуфтушунид эълон мекунад, агар: Сарвари давлат дар ин замина аз лағви таҳримҳои зидди Русия ёдовар шуд.
https://sputnik.tj/20250119/siyosatshinos-olmon-mukolama-putin-tramp-metarsand-1065926051.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/41/1025394183_51:0:1396:1009_1920x0_80_0_0_7384d3d985e886417c6ef6fe58d257d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубио лавров омодагӣ мулоқот трамп путин баррасӣ
рубио лавров омодагӣ мулоқот трамп путин баррасӣ
Лавров ва Рубио омодагӣ ба мулоқоти Трамп ва Путинро баррасӣ карданд
11:51 16.02.2025 (Навсозишуда: 12:19 16.02.2025) Ин нахустин музокироти телефонии Лавров бо котиби давлатии ИМА дар тақрибан ду сол аст. Вай бори охир 2 апрели соли 2023 бо Антони Блинкен сӯҳбат карда буд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Тамоси телефонӣ миёни раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷӣ бо ибтикори Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт, хабар додаанд аз вазорати умури хориҷаи ФР ба РИА "Новости".
"Бо ташаббуси ҷониби Амрико сӯҳбати телефонӣ миёни сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сурат гирифт", - омадааст дар хабар.
Зимни суҳбати Лавров ва Рубио, аз ҷумла нукоти зер таъкид гардидаанд:
▪️тайёр будани худро барои кор дар барқарорсозии муколамаи мутақобилан эҳтиромона тасдиқ карданд,
▪️дар бораи тамосҳои мунтазам, аз ҷумла барои омодагӣ ба мулоқоти Путин ва Трамп мувофиқа карданд,
▪️барои нигоҳ доштани роҳи иртиботӣ барои ҳалли мушкилоти ҷамъшуда дар муносибатҳои ду кишвар мувофиқат карданд,
▪️роҳҳои ҷилавгирии сиёсати оғознамудаи Обама дар мавриди ташдиди шароит барои кори намояндагиҳои дипломатии Русия дар Иёлоти Муттаҳида баррасӣ шуд,
▪️ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи коршиносон барои ҳамоҳангсозии қадамҳо ҷиҳати рафъи монеаҳои мутақобила дар кори намояндагиҳои хориҷии Русия ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шавад,
▪️омодагии худро барои ҳамкорӣ дар масоили байналмилалӣ баён доштанд.
Рӯзи чаҳоршанбе Владимир Путин ва Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, ки тақрибан якуним соат идома кард. Раҳбарон, аз ҷумла, ҳалли вазъ дар Украинаро баррасӣ карданд.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои шахсӣ, аз ҷумла дар масъалаи ташкили мулоқоти ҳузуриро идома диҳанд.
Рӯзи панҷшанбе раҳбари Амрико гуфт, ки мулоқоти мақомоти баландпояи Русия, ИМА ва Украина бояд аллакай дар Конфронси Амнияти Мюнхен, ки аз 14 то 16 феврал ва ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, доир гардад.
Мавқеи Русия дар ҳалли низоъ
Моҳи июни соли гузашта Путин ташаббусҳоро барои ҳалли мусолиматомези низоъ оғоз кард. Русия фавран оташбасро роҳандозӣ мекунад ва омодагии худро барои гуфтушунид эълон мекунад, агар:
Украина расман аз нияти пайвастан ба НАТО даст кашад;
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз минтақаҳои нави Русия хориҷ шаванд;
Ҳукуматдорони Киев нозизудоӣ ва ғайринизомисозиро мегузаронанд;
Кишвар унвони бетараф, ба паймонҳо ҳамроҳ нашудан ва бе яроқи ҳастаиро қабул мекунад.
Сарвари давлат дар ин замина аз лағви таҳримҳои зидди Русия ёдовар шуд.