https://sputnik.tj/20250119/siyosatshinos-olmon-mukolama-putin-tramp-metarsand-1065926051.html
Сиёсатшинос: дар Олмон аз муколамаи Путин ва Трамп метарсанд
Сиёсатшинос: дар Олмон аз муколамаи Путин ва Трамп метарсанд
Sputnik Тоҷикистон
Элитаҳои олмон метарсанд, ки Украина пас аз расонидани кӯмак 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, мегӯяд сиесатшиноси олмонӣ 19.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-19T11:46+0500
2025-01-19T11:46+0500
2025-01-19T11:46+0500
владимир путин
доналд трамп
сиёсат
олмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/32/1029273275_0:261:2713:1787_1920x0_80_0_0_1c55fd8e913b5c9988fc7ac77cb3f4ec.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Олмон метарсанд, ки президенти Русия Владимир Путин ва президенти интихобшудаи Амрико, Доналд Трамп метавонанд дар бораи ҳалли сулҳомези низоъ дар Украина ба мувофиқа расанд.Дар ин бора дар шабакаи Telegram- сиёсатшиноси олмонӣ Александр Рар изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, аврупоиҳо аз он ки Украина пас аз расонидани кӯмак 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, "дар ҳаросанд".Аз ҳама бештар элитаҳои олмонӣ метарсанд, ки ТрампвВа Путин метавонанд дар бораи ҳалли сулҳ дар Украина созиш кунанд. Аврупоиҳо аз як идея метарсанд, ки Украина 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, пас аз кумакҳои барзиёди НАТО ва ИА", - навиштааст Рар.Ба ақидаи ӯ, элитаҳо намедонанд, ки оянда онҳоро чӣ интизор аст, аммо то ҳол онҳо фикр мекунанд, ки "давлати амиқи ИМА ба президенти навтаъин иҷозат намедиҳад, ки чунин рафтор кунад".Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки раҳбари русия Владимир Путин изҳори хоҳиш кардааст, ки бо ӯ мулоқот кунад ва ҷонибҳо ба чунин мулоқот омодагӣ мегиранд.Дар навбати худ, раҳбари Русия Владимир Путин моҳи декабр дар як хати мустақим изҳор дошт, ки барои сӯҳбат ва мулоқот бо Трамп омода аст ва қайд кард, ки агар он баргузор шавад, ду президент дар бораи он сӯҳбат хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20250114/tramp-shart-muloqot-putin-elon-kard-1065851633.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/32/1029273275_0:7:2713:2042_1920x0_80_0_0_83f82e62173ebee82afeeb34cc75dddd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, доналд трамп, сиёсат , олмон
владимир путин, доналд трамп, сиёсат , олмон
Сиёсатшинос: дар Олмон аз муколамаи Путин ва Трамп метарсанд
Элитаҳои олмон метарсанд, ки Украина пас аз расонидани кӯмак 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, мегӯяд сиесатшиноси олмонӣ
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Олмон метарсанд, ки президенти Русия Владимир Путин ва президенти интихобшудаи Амрико, Доналд Трамп метавонанд дар бораи ҳалли сулҳомези низоъ дар Украина ба мувофиқа расанд.
Дар ин бора дар шабакаи Telegram- сиёсатшиноси олмонӣ Александр Рар изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аврупоиҳо аз он ки Украина пас аз расонидани кӯмак 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, "дар ҳаросанд".
Аз ҳама бештар элитаҳои олмонӣ метарсанд, ки ТрампвВа Путин метавонанд дар бораи ҳалли сулҳ дар Украина созиш кунанд. Аврупоиҳо аз як идея метарсанд, ки Украина 20% қаламрави худро аз даст медиҳад, пас аз кумакҳои барзиёди НАТО ва ИА", - навиштааст Рар.
Ба ақидаи ӯ, элитаҳо намедонанд, ки оянда онҳоро чӣ интизор аст, аммо то ҳол онҳо фикр мекунанд, ки "давлати амиқи ИМА ба президенти навтаъин иҷозат намедиҳад, ки чунин рафтор кунад".
Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки раҳбари русия Владимир Путин изҳори хоҳиш кардааст, ки бо ӯ мулоқот кунад ва ҷонибҳо ба чунин мулоқот омодагӣ мегиранд.
Дар навбати худ, раҳбари Русия Владимир Путин моҳи декабр дар як хати мустақим изҳор дошт, ки барои сӯҳбат ва мулоқот бо Трамп омода аст ва қайд кард, ки агар он баргузор шавад, ду президент дар бораи он сӯҳбат хоҳанд кард.