https://sputnik.tj/20250216/peskov-imkoni-safari-tramp-ba-rusiyaro-dar-ruzi-ghalaba-sharh-dod-1066248296.html
Песков имкони сафари Трамп ба Русияро дар Рӯзи Ғалаба шарҳ дод
Песков имкони сафари Трамп ба Русияро дар Рӯзи Ғалаба шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Кохи Кремлин таъкид кард, ки президенти Амрико метавонад дар ҳар лаҳзае, ки сафари ӯ мувофиқа шавад, ба Русия биёяд
2025-02-16T16:48+0500
2025-02-16T16:48+0500
2025-02-17T11:44+0500
русия
има
сиёсат
дар ҷаҳон
путин
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066238118_0:50:3000:1738_1920x0_80_0_0_22d4e3116b79223e69871975576c75f3.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳама сарони давлатҳое, ки омодаанд дар ин ҷашни пурифтихори Рӯзи Ғалаба хушҳолиро бо Маскав ҷашн гиринд, истиқбол мекунад ва хушҳол хоҳад шуд.Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳур Дмитрий Песков дар суҳбат бо рӯзноманигор Павел Зарубин изҳор дошт. Ӯ суҳбати ахири телефонии президенти Русия ва ҳамтои амрикоиаш Доналд Трампро як занги пурқувват дар бораи оғози муколама дар бораи сулҳ хонд,Вай қайд кард, ки мавқеи Трамп аз қадамҳои президенти пешини Амрико Ҷо Байден, ки ҳамагуна муколамаро рад мекарду то охир ҷанг мехост, хеле фарқ мекунад. "Тибқи изҳороти президент Трамп, мо мушкилотро тавассути муколама ҳал мекунем, на ҷанг, мо ба сулҳ ниёз дорем. Ба ин мавқеъ, аз ҷиҳати назариявӣ бояд бештар ҳар як шахси оқил ё давлат такя кунад”, - шарҳ дод Песков.Вай инчунин қайд кард, ки нахустин мулоқоти эҳтимолии Путин ва Трамп дар шароити кунунӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Песков тавзеҳ дод, ки агар муколамаи мунтазами Русия ва Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дошта бошад, таҳифи он омодагии камтарро талаб мекунад."Ба ҳар ҳол, мулоқоти ду президент ва ба хусус президентҳои кишварҳое чун Русияву Амрико, албатта, дар самти омодасозии он, таҳияи рӯзнома, баррасии пешакӣ, табодули афкор дар сатҳи корӣ ва ғайра заҳмати хосаеро тақозо мекунад", - афзуд ӯ. Сухангӯи Кремл ҳамчунин таъкид кард, ки Трамп метавонад дар ҳар лаҳзае, ки сафари ӯ мувофиқа шавад, ба Русия биёяд.
https://sputnik.tj/20250216/rubio-lavrov-omodagi-muloqot-tramp-putin-barrasi-1066245580.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066238118_47:0:2714:2000_1920x0_80_0_0_214912768072d529c0abaa4d0f9bf04f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков имкон сафар трамп русия рӯзи ғалаба шарҳ
песков имкон сафар трамп русия рӯзи ғалаба шарҳ
Песков имкони сафари Трамп ба Русияро дар Рӯзи Ғалаба шарҳ дод
16:48 16.02.2025 (Навсозишуда: 11:44 17.02.2025) Сухангӯи Кохи Кремлин таъкид кард, ки президенти Амрико метавонад дар ҳар лаҳзае, ки сафари ӯ мувофиқа шавад, ба Русия биёяд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳама сарони давлатҳое, ки омодаанд дар ин ҷашни пурифтихори Рӯзи Ғалаба хушҳолиро бо Маскав ҷашн гиринд, истиқбол мекунад ва хушҳол хоҳад шуд.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳур Дмитрий Песков дар суҳбат бо рӯзноманигор Павел Зарубин изҳор дошт.
"Президент Путин аз истиқболи ҳама сарони кишварҳои ҷаҳон, ки омодаанд бо мо шодӣ ва ифтихори ин рӯзро мубодила кунанд, истиқбол хоҳад кард",- гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки оё имкони сафари Трамп ба Русия дар Рӯзи Ғалаба баррасӣ мешавад.
Ӯ суҳбати ахири телефонии президенти Русия ва ҳамтои амрикоиаш Доналд Трампро як занги пурқувват дар бораи оғози муколама дар бораи сулҳ хонд,
Вай қайд кард, ки мавқеи Трамп аз қадамҳои президенти пешини Амрико Ҷо Байден, ки ҳамагуна муколамаро рад мекарду то охир ҷанг мехост, хеле фарқ мекунад.
"Тибқи изҳороти президент Трамп, мо мушкилотро тавассути муколама ҳал мекунем, на ҷанг, мо ба сулҳ ниёз дорем. Ба ин мавқеъ, аз ҷиҳати назариявӣ бояд бештар ҳар як шахси оқил ё давлат такя кунад”, - шарҳ дод Песков.
Вай инчунин қайд кард, ки нахустин мулоқоти эҳтимолии Путин ва Трамп дар шароити кунунӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Песков тавзеҳ дод, ки агар муколамаи мунтазами Русия ва Иёлоти Муттаҳида вуҷуд дошта бошад, таҳифи он омодагии камтарро талаб мекунад.
"Ба ҳар ҳол, мулоқоти ду президент ва ба хусус президентҳои кишварҳое чун Русияву Амрико, албатта, дар самти омодасозии он, таҳияи рӯзнома, баррасии пешакӣ, табодули афкор дар сатҳи корӣ ва ғайра заҳмати хосаеро тақозо мекунад", - афзуд ӯ.
Сухангӯи Кремл ҳамчунин таъкид кард, ки Трамп метавонад дар ҳар лаҳзае, ки сафари ӯ мувофиқа шавад, ба Русия биёяд.