https://sputnik.tj/20250212/tojikiston-narkhi-mahsuloti-khurokvori-qimat-shudaast-1066195089.html
Мақомот: Дар Тоҷикистон аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3% қимат шудааст
Мақомот: Дар Тоҷикистон аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3% қимат шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бештар аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ, равған ва чарбу сурат гирифтааст
2025-02-12T11:59+0500
2025-02-12T11:59+0500
2025-02-12T11:59+0500
дар тоҷикистон
маҳсулоти ғизоӣ
омор
болоравии нарх
қиматшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101450/36/1014503644_0:0:3066:1725_1920x0_80_0_0_241c0d6438316057320689f823322d86.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз қимат шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.Ба гуфтаи вай болоаравии нарх асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ – 16,6 фоиз (гӯшти гов – 28,5 фоиз, гӯшти гӯсфанд – 19,9 фоиз ва гӯшти моҳӣ – 2,8 фоиз) сурат гирифт.Инчунин оқои Нурмаҳмадзода қайд кард, ки ба болоравии нарх қиматшавии равған ва чарбу – 15,8 фоиз (равғани офтобпараст – 11,5 фоиз ва равғани пахта – 10,7 фоиз); нӯшокиҳои спиртдор – 10,4 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ – 9,7 фоиз ва тамоку – 5,8 фоиз таъсир расонидааст.Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои хӯрокворӣ таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5%, нон ва маҳсулоти нонӣ 17%, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,5%, сабзавот ва картошка 5,4% ва равғани растанӣ 4,3% афзалият дорад.Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нархи маҳсулоти нонӣ ва ярмаҳо – 1,2%, нӯшокиҳои беспирт – 3,5%, шакар – 9,5% ва мевагиҳо 9,7% арзон шудааст.
https://sputnik.tj/20240904/hosil-farovon-narkh-baland-angurparvaron-sugd-sabab-guftand-1064185948.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101450/36/1014503644_335:0:3066:2048_1920x0_80_0_0_54384685f4b0d21995b683fcf39a3f95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, болоравии нарх, қимат, нурмаҳмадзода, омор, маҳсулоти гуштӣ
тоҷикистон, болоравии нарх, қимат, нурмаҳмадзода, омор, маҳсулоти гуштӣ
Мақомот: Дар Тоҷикистон аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3% қимат шудааст
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бештар аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ, равған ва чарбу сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз қимат шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Ба гуфтаи вай болоаравии нарх асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ – 16,6 фоиз (гӯшти гов – 28,5 фоиз, гӯшти гӯсфанд – 19,9 фоиз ва гӯшти моҳӣ – 2,8 фоиз) сурат гирифт.
Инчунин оқои Нурмаҳмадзода қайд кард, ки ба болоравии нарх қиматшавии равған ва чарбу – 15,8 фоиз (равғани офтобпараст – 11,5 фоиз ва равғани пахта – 10,7 фоиз); нӯшокиҳои спиртдор – 10,4 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ – 9,7 фоиз ва тамоку – 5,8 фоиз таъсир расонидааст.
Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои хӯрокворӣ таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5%, нон ва маҳсулоти нонӣ 17%, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,5%, сабзавот ва картошка 5,4% ва равғани растанӣ 4,3% афзалият дорад.
Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нархи маҳсулоти нонӣ ва ярмаҳо – 1,2%, нӯшокиҳои беспирт – 3,5%, шакар – 9,5% ва мевагиҳо 9,7% арзон шудааст.