https://sputnik.tj/20240904/hosil-farovon-narkh-baland-angurparvaron-sugd-sabab-guftand-1064185948.html
Ҳосил фаровону нарх баланд: ангурпарварони Суғд сабабашро гуфтанд
Ҳосил фаровону нарх баланд: ангурпарварони Суғд сабабашро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳосили ангур дар муқоиса ба соли қаблӣ фаровон аст, аммо тавре дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, нархи ин навъи мева гарон гуфта мешавад
2024-09-04T09:36+0500
2024-09-04T09:36+0500
2024-09-04T09:36+0500
дар тоҷикистон
суғд
ангур
хушкмева
нарх
ҳосил
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064182777_57:123:1044:678_1920x0_80_0_0_66e97123f582ccc906c5f6cfaa6754fb.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Токпарварон дар вилояти Суғд мегуянд, соли ҷорӣ иқлим барои парвариши ангур ба фарқ аз соли қаблӣ мусоид буд ва ҳосили хубу беталаф ба даст овардаанд.Аммо болоравии нархро ангурпарварон ба ду омил рабт медиҳанд.Ҳоло дар бозорҳои Суғд қимати ангур 6-8-10 сомонӣ аст.Ин нархнома ҳарчанд дар муқоиса ба соли қаблӣ, ки сармои шадид ба ангурзорҳо осеби ҷиддӣ расонида буд арзон аст, вале дар қиёс ба ду соли пеш баланд гуфта мешавад.Исматҷон Умаров, аз шумори токпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, баландшавии нархи оби полезӣ ва пардохти андози замини кишоварзӣ ба нархи ангур ва дигар намуд молу маҳсулоти кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст.Масъулони идораи об дар оғози соли ҷорӣ сабаби якбора 150% баланд шудани нархи хизматрасонии обро ба баландшавии нархи нерӯи барқ шарҳ доданд.Шурӯъ аз моҳи январи соли 2024 қимати ҳар 1 куб метри об 5 дирам муқаррар шудаааст. То соли ҷорӣ нархи оби полезӣ 2 дирам буд.Ангурпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуянд, соли ҷорӣ барои ҳар як соат оби расонидашуда тавассути наҳр (канал) масъулони идораҳои обрасонӣ аз онҳо 50 сомонӣ ҳақ ситонидаанд. Қаблан барои як соат оби расонидашуда 20 сомонӣ пардохт мекарданд.Онҳо мегуянд, соли ҷорӣ ҷамъи пардохтҳои андозӣ барои ҳар як га боғи ангур имсол то 100% баланд шуда ба 2000 сомонӣ баробар шудааст.Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ 20,8 ҳазор тон ангур ба даст овардаанд.Бино ба гуфти манбаъ ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 6,6 ҳазор тон зиёд гуфта мешавад.Дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор га ангузор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Истаравшану Панҷакенту Хуҷанд мавҷуд аст.Дар ин навоҳии шимоли Тоҷикистон беш аз даҳ навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнӣ”, “кишмиш”, “тоифӣ”, “тагобӣ” парвариш мешавад.Ҳамасола аз вилояти Суғд ҳудуди 2 ҳазор тон ангури тар ва хушк (мавиз) ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240811/hosil-ghallakoron-sugd-payomadi-bebarqi-beobi-bayon-kardand-1063889922.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/03/1064182777_152:94:931:678_1920x0_80_0_0_d3053f34a78ab17e30953cbf04b533a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ангур, ҳосил, фаровон, суғд, мева, хушкмева, нарх
тоҷикистон, ангур, ҳосил, фаровон, суғд, мева, хушкмева, нарх
Ҳосил фаровону нарх баланд: ангурпарварони Суғд сабабашро гуфтанд
Эксклюзив
Ҳосили ангур дар муқоиса ба соли қаблӣ фаровон аст, аммо тавре дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, нархи ин навъи мева гарон гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Токпарварон дар вилояти Суғд мегуянд, соли ҷорӣ иқлим барои парвариши ангур ба фарқ аз соли қаблӣ мусоид буд ва ҳосили хубу беталаф ба даст овардаанд.
Аммо болоравии нархро ангурпарварон ба ду омил рабт медиҳанд.
Ҳоло дар бозорҳои Суғд қимати ангур 6-8-10 сомонӣ аст.
Ин нархнома ҳарчанд дар муқоиса ба соли қаблӣ, ки сармои шадид ба ангурзорҳо осеби ҷиддӣ расонида буд арзон аст, вале дар қиёс ба ду соли пеш баланд гуфта мешавад.
Исматҷон Умаров, аз шумори токпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, баландшавии нархи оби полезӣ ва пардохти андози замини кишоварзӣ ба нархи ангур ва дигар намуд молу маҳсулоти кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст.
“Нархи оби полезӣ шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ якбора 150% ва пардохти андозҳои замини кишоварзӣ ҳам имсол то 100% баланд шуд, ҳамаи ин харҷи деҳқонҳоро зиёд кард” – изҳор намуд, ангурпарвар.
Масъулони идораи об дар оғози соли ҷорӣ сабаби якбора 150% баланд шудани нархи хизматрасонии обро ба баландшавии нархи нерӯи барқ шарҳ доданд.
Шурӯъ аз моҳи январи соли 2024 қимати ҳар 1 куб метри об 5 дирам муқаррар шудаааст. То соли ҷорӣ нархи оби полезӣ 2 дирам буд.
Ангурпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуянд, соли ҷорӣ барои ҳар як соат оби расонидашуда тавассути наҳр (канал) масъулони идораҳои обрасонӣ аз онҳо 50 сомонӣ ҳақ ситонидаанд. Қаблан барои як соат оби расонидашуда 20 сомонӣ пардохт мекарданд.
Онҳо мегуянд, соли ҷорӣ ҷамъи пардохтҳои андозӣ барои ҳар як га боғи ангур имсол то 100% баланд шуда ба 2000 сомонӣ баробар шудааст.
Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ 20,8 ҳазор тон ангур ба даст овардаанд.
Бино ба гуфти манбаъ ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 6,6 ҳазор тон зиёд гуфта мешавад.
Дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор га ангузор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Истаравшану Панҷакенту Хуҷанд мавҷуд аст.
Дар ин навоҳии шимоли Тоҷикистон беш аз даҳ навъи ангур аз ҷумла “ҳусайнӣ”, “кишмиш”, “тоифӣ”, “тагобӣ” парвариш мешавад.
Ҳамасола аз вилояти Суғд ҳудуди 2 ҳазор тон ангури тар ва хушк (мавиз) ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.