https://sputnik.tj/20250212/payvandsozii-uzv-tojikiston-vaziri-tanddurusti-1066203714.html
Пайвандсозии узв дар Тоҷикистон: вазири танддурустӣ чаро афсӯс хӯрд?
Пайвандсозии узв дар Тоҷикистон: вазири танддурустӣ чаро афсӯс хӯрд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз рушди пайвандсозии узв дар кишвар сухан гуфт ва аз адами пайвандсозӣ аз фавтидагон афсӯс хӯрд
2025-02-12T19:01+0500
2025-02-12T19:01+0500
2025-02-12T19:01+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҷарроҳӣ
амалиёти ҷарроҳӣ
пизишк
ҷамолиддин абдуллозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102414/27/1024142754_0:9:1225:698_1920x0_80_0_0_2a74f70afb6edc3c9b276eedba42656b.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Мутахассисони тоҷик ҳоло ба хориҷ аз кишвар даъват мешаванд ва ҷароҳии пайвандсозии узвро анҷом медиҳанд.Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии аъзои бадани инсон дар кишвар сол то сол афзойиш меёбад ва ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ низ барои анҷоми чунин амалиёт ба Тоҷикистон меоянд.“Имрӯз дар Тоҷикистон бештар пайвандсозии гурдаву ҷигар анҷом мешавад. Бояд қайд кунам, ки барои бори аввал мутахассисони мо амалиёти репидро анҷом доданд. Ин ҷарроҳӣ ҳатто дар бархе кишварҳое, ки таҷрибаи ғании пайвандсозии узвро доранд, анҷом нашудааст”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, соли гузашта табибони ҷарроҳи марокизи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе ва шуъбаи узвҳои Шифохонаи ноҳияи Данғара, 298 ё 74 мавриди бештар аз соли 2023 амалиёти пайвандсозии узвро анҷом додаанд, ки аз ин шумора 192 маврид ба гурда ва 67 маврид ба ҷигар рабт дорад.Бино ба иттилои ин ниҳод, аз теъдод умумии онҳое, ки сари онҳо амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узв анҷом шуд, 12 нафар кӯдак буданд ва 14 амалиёти ҷароҳии пайванди узв дар Данғара анҷом шудааст ва қарор аст, дар вилояти Суғд низ чунин марказ эҷод шавад.30%-и маризон шаҳрвандони хориҷӣ, умдатан аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Амрико буданд.Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба пойин будани нархномаи амалиёт дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар давлатҳо унвон кард.Вай афзуд, мутахассисон аз дигар давлатҳо омада, бо мутаххассисони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд, ки яке аз онҳо профессори машҳури рус профессор Алексей Пинчук ва чанд мутахассиси маъруфи эронӣ ҳастанд.“Мактаби пайвандсозии узве, ки имрӯз дар Тоҷикистон аст, ҳам мактаби Русия ва ҳам Эрон аст. Мутахассисони мо ҳам рафта, дар марокизи илмии Русия ва ҳам Эрон таҷрибаомӯзӣ кардаанду мекунанд. Масалан, айни замон 42 нафар мутахассиси мо дар Эрон дар тамоми самтҳо такмили ихтисос мекунанд. Мутахассиси кофӣ дорем”, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Абдуллозода ба як мушкил дар соҳа ишора карда, гуфт, ҳарчанд Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи пайвандсозӣ” пайванди узви хешу табор ва фавтидагонро иҷоза медиҳад, аммо дар ин самт тағйире наомад.“Мутаассифона, гуруҳи кории мо роҳи ҳалли онро наёфт. Дар тамоми давлатҳо, ҳатто исломӣ, ҳамин намуди ҷарроҳиро мекунанд. Як гуруҳи корӣ ё комиссия ташкил мешавад, ташхис мекунад ва иҷоза медиҳад. Мутаассифона, мо аз афроди фавтида чунин пайвандсозиро анҷом надодаем. Дар маркази мо имрӯз имконият ҳаст, ки пайвандсозии дил, ғадуди зери меъда ва рударо ҳам гузаронанд. Афсӯс, ки чунин проблема ҳаст, агар ҳал шавад, мутахассисони мо мушкил надоранд”, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин бора возеҳ нагуфт, аммо ишораҳои ӯро мутахассисон ба ин воқеият рабт медиҳанд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯи эътиқоди диниву урфу расми мавҷуд, омода нестанд, ки ягон узви майити худро барои пайвандсозӣ истифода кунанд.
https://sputnik.tj/20250204/khuruj-zardparvin-metapnevmavirus-nest-vazi-epidemiologi-sugd-1066107263.html
https://sputnik.tj/20250203/sugd-guftand-muhojironi-mehnati-siroyati-vnmo-1066095307.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102414/27/1024142754_69:0:1157:816_1920x0_80_0_0_07799fe2c9f92ec8db122002cf62078b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, пайвансозии узв, фавт, ҷамолиддин абдуллозода
тоҷикистон, тандурустӣ, пайвансозии узв, фавт, ҷамолиддин абдуллозода
Пайвандсозии узв дар Тоҷикистон: вазири танддурустӣ чаро афсӯс хӯрд?
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз рушди пайвандсозии узв дар кишвар сухан гуфт ва аз адами пайвандсозӣ аз фавтидагон афсӯс хӯрд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Мутахассисони тоҷик ҳоло ба хориҷ аз кишвар даъват мешаванд ва ҷароҳии пайвандсозии узвро анҷом медиҳанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии аъзои бадани инсон дар кишвар сол то сол афзойиш меёбад ва ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ низ барои анҷоми чунин амалиёт ба Тоҷикистон меоянд.
“Имрӯз дар Тоҷикистон бештар пайвандсозии гурдаву ҷигар анҷом мешавад. Бояд қайд кунам, ки барои бори аввал мутахассисони мо амалиёти репидро анҷом доданд. Ин ҷарроҳӣ ҳатто дар бархе кишварҳое, ки таҷрибаи ғании пайвандсозии узвро доранд, анҷом нашудааст”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, соли гузашта табибони ҷарроҳи марокизи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе ва шуъбаи узвҳои Шифохонаи ноҳияи Данғара, 298 ё 74 мавриди бештар аз соли 2023 амалиёти пайвандсозии узвро анҷом додаанд, ки аз ин шумора 192 маврид ба гурда ва 67 маврид ба ҷигар рабт дорад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, аз теъдод умумии онҳое, ки сари онҳо амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узв анҷом шуд, 12 нафар кӯдак буданд ва 14 амалиёти ҷароҳии пайванди узв дар Данғара анҷом шудааст ва қарор аст, дар вилояти Суғд низ чунин марказ эҷод шавад.
30%-и маризон шаҳрвандони хориҷӣ, умдатан аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Амрико буданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба пойин будани нархномаи амалиёт дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар давлатҳо унвон кард.
“Бархе амалиётҳое, ки дар ин самт дар Тоҷикистон мешавад, дар кишварҳои ҳамсоя нест. Соли гузашта мутахассисони мо ба шаҳри Тошканд рафта, 12 амалиёти пайвандсозии ҷигарро анҷом доданд”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай афзуд, мутахассисон аз дигар давлатҳо омада, бо мутаххассисони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд, ки яке аз онҳо профессори машҳури рус профессор Алексей Пинчук ва чанд мутахассиси маъруфи эронӣ ҳастанд.
“Мактаби пайвандсозии узве, ки имрӯз дар Тоҷикистон аст, ҳам мактаби Русия ва ҳам Эрон аст. Мутахассисони мо ҳам рафта, дар марокизи илмии Русия ва ҳам Эрон таҷрибаомӯзӣ кардаанду мекунанд. Масалан, айни замон 42 нафар мутахассиси мо дар Эрон дар тамоми самтҳо такмили ихтисос мекунанд. Мутахассиси кофӣ дорем”, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Абдуллозода ба як мушкил дар соҳа ишора карда, гуфт, ҳарчанд Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи пайвандсозӣ” пайванди узви хешу табор ва фавтидагонро иҷоза медиҳад, аммо дар ин самт тағйире наомад.
“Мутаассифона, гуруҳи кории мо роҳи ҳалли онро наёфт. Дар тамоми давлатҳо, ҳатто исломӣ, ҳамин намуди ҷарроҳиро мекунанд. Як гуруҳи корӣ ё комиссия ташкил мешавад, ташхис мекунад ва иҷоза медиҳад. Мутаассифона, мо аз афроди фавтида чунин пайвандсозиро анҷом надодаем. Дар маркази мо имрӯз имконият ҳаст, ки пайвандсозии дил, ғадуди зери меъда ва рударо ҳам гузаронанд. Афсӯс, ки чунин проблема ҳаст, агар ҳал шавад, мутахассисони мо мушкил надоранд”, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин бора возеҳ нагуфт, аммо ишораҳои ӯро мутахассисон ба ин воқеият рабт медиҳанд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯи эътиқоди диниву урфу расми мавҷуд, омода нестанд, ки ягон узви майити худро барои пайвандсозӣ истифода кунанд.