Дар Суғд гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи сирояти ВНМО ҳастанд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкЛаборант проводит исследование биологического материала
Лаборант проводит исследование биологического материала  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Ба гуфтаи мақомоти Суғд аксари нафароне, ки гирифтори ВНМО шудаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки ҳангоми муҳоҷират бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар соли гузашта дар вилояти Суғд 240 ҳодисаи нави дарёфти сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуда, ки аз онҳо 168 нафараш мард ва 72 нафар занҳоро ташкил медиҳад.
Дар ин бора мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд, Абдумавлон Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2023-260 ҳодисаро ташкил дода буд.
Абдуллозада таъкид кард, ки шумори умумии сироятёфтагон дар 12 моҳи соли 2024 – 240 нафар буда аз ин шумора 153 нафар яъне 63,7% (143 мард, 10 зан) дар муҳоҷират бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
Инчунин ба иттилои мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд, 18,8% (45 нафар) сироятёфтагон, алоқамандони шахсони дар муҳоҷират сироятёфта мебошанд, ки пас аз бозгашт ба Ватан, ҳамсарони худро сироят кардаанд.
“Дар умум сабаби ба сирояти ВНМО гирифтор шудани 198 нафар, яъне 82,5% асосан муҳоҷирон мебошанд”, - гуфт Абдуллозода.
Вай илова кард, ки танҳо 13 нафар ё 5,4% дар Тоҷикистон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Вазири тандурустӣ гуфт, дар кишвар чанд зану кӯдак ба ВНМО гирифторанд
мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд зикр кард, ки сабаби асосии паҳншавити сирояти ВНМО дар сатҳи вилоят – ин муҳоҷирон мебошанд. Зеро онҳо дар давлатҳои хориҷа, сироятнок шуда пас аз бозгашт ба ватан наздикони худро сироятнок карда истодаанд.
Оқои Абдуллозода зикр кард, ки 240 нафаре, ки соли гузашта гирифтори ВНМО шуданд, аз инҳо 233 нафарашон ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуда, як нафар бо сабаби муҳоҷират рафтан ба табобат фаро гирифта нашуд.
Вай таъкид кард, ки аз сабаби фавт 6 нафарашон ба табобат фаро гирифта нашуд.
Абдуллозода ҳамчунин хабар дод, ки ба санаи 1 январи соли 2025 дар умум 2581 нафар ҳомилон ва мубталоёни ВНМО/ БПНМ бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуданд, ки 92% дар қайд истодагонро ташкил медиҳанд.
Инчунин дар давоми соли гузашта 56 нафар ҳомилон фавтиданд.
Лентаи хабарҳо
0